UzAuto Motors отправила партию автомобилей скорой помощи в Таджикистан

Кумаки навбатии Ӯзбекистон: UzAuto Motors ба Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ фиристод

1287
(Таҷдидшуда 13:56 13.05.2020)
Ҳар як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ бо асбобҳои иловагии муҳофизатӣ барои кормандони тиббӣ муҷаҳҳаз карда шудааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ширкати UzAuto Motors ба Тоҷикистон нақлиёти ёрии таъҷилӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкат. 

"Имрӯз, дар шароити бадтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон, зарурати муассисаҳои тиббӣ ба мошини ёрии таъҷилӣ афзоиш ёфтааст. Бо мақсади васеъ кардани парки махсуси нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд”,- гуфта мешавад дар иттилоия.

Ба иттилои манбаъ, ҳар як нақлиёти фиристода барои кормандони тиб ҳамчунин таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ дошт.

Гуфта мешавед, мошинҳо барои тақсимоти минбаъда дар байни муассисаҳои тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

Истеҳсоли ин мошини махсус дар пойгоҳи Дамас аз ҷониби УзАвто Моторс  соли 1996 таъсис ёфтааст. Нақлиёти мазкур  барои интиқоли беморон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббӣ тарҳрезӣ шудааст.

Ёдовар мешавем қаблан низ ҷониби Ӯзбекистон нахуст маводи ғизоию доруворӣ ирсол кард ва баъдан табибон ва дастгоҳҳои тиббӣ барои мубориза ва пешгирии коронавирус фиристода буд.

1287
Барчаспҳо:
мошинҳои ёрии таъҷилӣ, кумак, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Автомобили на проезжей части, архивное фото

Пиёдагарди 28-сола зери чархи "Лексус" ҷон дод

23
(Таҷдидшуда 13:14 02.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор хабар дод, ки шаби 31 май бар асари ноуҳдабароии ронандаи "Лексус" рух додааст

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садама санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа дар роҳи Ваҳдат - Рашт ба вуқуъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД такъид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

23
Барчаспҳо:
ҳалокат, садамавӣ, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

86
(Таҷдидшуда 13:45 02.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Асланшоҳ, сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

86
Барчаспҳо:
фавт, КҲФ Тоҷикистон, Ванҷ, Тоҷикистон