Селевой поток в Таджикистане

ҚҲФ зарари селу боронҳои шадиди рӯзи гузаштаро гуфт: як қурбонӣ доштааст

466
(Таҷдидшуда 11:49 15.05.2020)
Дар ҳоли ҳозир дар ҳама минтақаҳои зарардида кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода корҳои тозакунӣ ва барқарорсозиро идома додаистодаанд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар пайи боришоти зиёди рӯзи гузашта ва омадани сели азим дар ноҳияи Хуросон як марди 55 фавтида ва ҳамчунин ба як қатор хонаҳо зарар расонидааст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар  марди фавтида ҳангоми чорвоҷаронӣ дар сел афтодааст.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе манотиқ хонаҳо зери об монданд, роҳҳо вайрон, пулҳо хароб гардида, ба хоҷагии халқи кишвар зарар расид, ки дар айни замон ҳаҷми он ҳисоб мешавад.

Манбаъ мегӯяд, борони шадид боиси омадани сел ва боло рафтани сатҳи об дар дарёи Кофарниҳон шуд ва ин боис гардид, ки масофаи 500 метр кӯчаи Ғалаба, воқеъ дар соҳили чапи дарё шуста шавад,  150 – 200 метр роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, 3  манзили истиқоматӣ, ки дар наздикии соҳил бунёд шуда буданд, хароб гарданд ва ҳоло ин харобӣ манзили се сокини дигари минтақаро ҳам таҳдид мекнуад.

Ба иттилои Кумита ҳамчунин дар пайи боришоти шадид сатҳи оби рӯди Элок дар ноҳияи Файзобод боло рафта, дар рустои Кабкрез харобиҳо орада, пули мошингузари маҳаллие, ки деҳаи Кабгурез ва деҳаи Навбаҳорро бо ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев мепайвандад, дар ҳолати садамавӣ қарор додааст.

“Ҳоло равуои нақлиёт ва одамон дар ин мавзеъ қатъ гардида, рафту омад бо тавассути маркази ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев бо пули мошингузари деҳаи Ҷонварсӯз ба роҳ монда шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Инчунин, рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ, С.Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст.

Кумита бо такя ба ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ҳавои ноустувор дар саросари Тоҷикистон то рӯзи 19-уми май боқӣ мемонад.

466
Барчаспҳо:
Файзобод, Хуросон, харобӣ, фавт, борони сел, сел, КҲФ ҶТ, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид

351
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз аз як садамаи маргбор, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода рух додааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 23:40 рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд кардааст, дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Чанде пеш, Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намуд

Дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

351
Барчаспҳо:
пахш, пиёдагард, Турсунзода, деҳа, садама, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Бойцы Талибан в Провинции Нанганхар, архивное фото

Такзиби даргузашти роҳбари Толибон

288
(Таҷдидшуда 19:32 02.06.2020)
Созмони террористии Толибон, ки дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ мебошад, даргузашти роҳбари созмон бар асари коронавирусро рад кард

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон даргузашти раиси ин гурӯҳ бар асари мубтало шудан ба Ковид-19-ро рад кард.

Ба гузориши сомонаи "Парстудей", ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи сешанбе гузоришҳо дар бораи даргузашти Мулло Ҳебатуллоҳ Охундзодаро рад кард ва гуфт, ки вай ҳамчунон раёсати Толибонро бар ӯҳда дорад.

Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз ин нашрияи амрикоии  Foreign Policy дар гузорише иддао карда буд, ки саркардаи Толибони Афғонистон ба далели олуда шудан ба вируси корона ҷон бохтааст.

Ин расона афзудааст, ки бархе аз коршиносони масоили сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки расонаҳои амрикоӣ қасд доранд миёни сарони Толибони ин кишвар ихтилоф эҷод кунанд, то музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон баргузор нашавад.

288

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

0
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

0