Временный лагерь для жителей Хурсона пострадавших от стихийного бедствия

КҲФ зарари сел дар ноҳияи Хуросонро эълон кард

483
(Таҷдидшуда 10:09 19.05.2020)
Дар умум, дар  пайи боронҳои шадиди рӯзҳои 14-16-уми май 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст, ки 14 хона пурра, 1 хона қисман хароб шуда ва 12 хонаро худи сокинон ҷамъу ғун кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи санҷиш зарари селҳои чанд рӯзи гузашта дар ноҳияи Хуросонро эълон кард.

Ёдовар мешавем, бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, XVIII Партсъезд ва Хуросони ҷамоати ба номи Садриддин Анйӣ, ҳамчунин рустои Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад ва хонаҳои истиқомативу қитъаҳои наздиҳвлигии сокинонро зери об кард. 

Дар умум, дар  пайи боронҳои шадиди рӯзҳои 14-16-уми май 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст, ки 14 хона пурра, 1 хона қисман хароб шуда ва 12 хонаро худи сокинон ҷамъу ғун кардаанд. 

Манбаъ мегӯяд, бо мақсади роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 14-уми майи кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва техникаи махсусро ба ноҳияи осебдида равон карда буд.

Гуфта мешавад то ҳол 28 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ  аз лойу лойоба тоза карда шуданд, корҳо дар самти бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ идома доранд. 

“Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон 35 хайма барои ташкили шаҳраки муваққатии хайманишинон ҷудо намуд ва  дар он хонаводаҳое, ки ҷойи рафт надоштанд, ҷойгир карда шуданд”,-афзудааст манбаъ. 

Дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон субҳи имрӯз иттилоъ дод, ки барои сокинони офатзада маводи аввалияи ниёзи онҳо ирсол карда шуд.

Ёдовар мешавм рӯзи гузашта низ дар пайи боздиди Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят бо муовини сарвазир аз макони офатзада, ваъда дода шудааст, ки барои онҳо заминҳои наздиҳавлигӣ бари бунёди манзил ҷудо карда мешавад.

483
Барчаспҳо:
зарар, сел, Хуросон, Хатлон, Тоҷикистон
Дуздӣ, акс аз бойгонӣ

Студияи “Тоҷикон групп”-ро дузд зад

2
(Таҷдидшуда 16:58 04.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, студияи “Тоҷикон групп” дар шаҳри Душанбе ҳадафи дуздон қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар доҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, муроҷиат намудаа, аз дуздӣ дар студияи “Тоҷикон групп” хабар додаст.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки санаи 26-уми майи соли 2020, тахминан соати 11:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба студияи “Тоҷикон Групп”, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ворид шуда, аз он ҷо 1-адад блоки системавиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

“Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, таъкид кардааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Бобоҷонов боз 1 миллион сомониро барои мубориза бо COVID - 19 дод

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ҷавони 25-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД илова намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафишот идома дорад.

2
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, Тоҷикистон
Протесты в США

Эътирозҳои густурда дар Амрико: пулис 4400 нафарро боздошт кард

19
Амрико пас аз фавти марди сиёҳпӯсти амрикоӣ аз дасти кормандони пулис ба майдони шадиди тазоҳурот мубаддал гашт

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Садҳо ҳазор сокинони Амрико пас аз қатли Флоид марди сиёпӯсти амрикоӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Ба гузориши "Форс", эътирозот аз шаҳри Миннеполис ва Миннесота оғоз шуд ва дар даҳҳо шаҳри дигари саросари Амрико густариш ёфт.

"Пас аз марги фаҷеи марди сиёҳпӯсти амрикоӣ бар асари хушунати афсари сафедпӯст, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба саҳнаи эътирозоти саросарӣ ба ин рафтори полиси Амрико алайҳи ақаллияти рангинпӯсти ин кишвар табдил шудааст ва ҳамчунон идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи ин гузориш, садҳо нафар дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар Миннасето ва дигар шаҳрҳои Амрико боздошт шуданд ва полис дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳои муҳими Амрико алайҳи эътирозгарон аз хушунат истифода кард.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ҳамчунон сиёсати истифода аз зӯр ва саркӯби муътаризонро дар рӯзҳои ахир дар пеш гирифтааст ва бо нодида гирифтани хушунат ва рафторҳои табъизомези полиси Амрико, эътирозотро террористӣ хондааст.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки аз нерӯҳои горди миллӣ хостаам то ба теъдоди кофӣ дар иёлатҳои мухталиф мустақар шаванд.  Трамп гуфт, ки нахустин вазифааш ҳимоят ва дифоъ аз мардум ва кишвар буда ва хушунатҳои ахир иқдомоти террористӣ будааст.

19
Барчаспҳо:
боздошт, эътироз, Амрико