Преступник за решеткой

Боздошти падар барои латукӯби фарзанд баъди нашри навор дар интернет

4528
(Таҷдидшуда 14:36 22.05.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи навори латукӯби фарзанд, ки дар интернет нашр шуд як сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст, Иномзода Фирдавси 34-сола аз сӯи кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд бо гумони латукӯби ноболиғ боздошт гардид.

Ёдовар мешавем, имрӯз дар шабакаи интернетӣ навори латукӯби кӯдак пайдо шуд, ки дар он марди номаълум фарзанди худро бераҳмона латукуб мекард. Навор мавриди пайгирии фаврии командони Вазорати корҳои дохила қарор гирифтааст.

“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Иномзода Фирдав Аббос, соли таваллудаш 26.11.1986, ки қаблан бо моддаи 281 КЧ ЧТ маҳкум шудааст, боздошт шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса, айни замон кормандони милитсияи вилояти Суғд тафтишот мебаранд.

4528
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД ҶТ, Суғд, Тоҷикистон
Руки задержаного в наручниках, архивное фото

Ошкор шуд, кӣ аз корхонаи “Дуоб” 40 ҳазор долларро дуздид

477
(Таҷдидшуда 12:15 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони милитсия марди 43 соларо, ки дар дуздии корхонаи ҶДММ “Дуоб” гумонбар медонанд боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кард нафаре, ки аз корхонаи ҶДММ “Дуоб”  30 ҳазор доллару 40 ҳазор сомонӣ дуздӣ кард боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия, ҳангоми гузаронидани як амалиёти махсус марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

Гуфта шудааст, ки номбурда, моҳи январи соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Дуоб”, воқеъ дар кӯчаи Машъал, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

477
Барчаспҳо:
корхона, гумонбар, дуздӣ, боздошт, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Авария на трассе Р-22 Тамбов - Волгоград - Астрахань

ВУД: дар ду рӯзи истироҳат дар се садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ба ҳалокат расид

897
(Таҷдидшуда 10:47 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар садамаҳои нақлиётие, ки санаи 30-31 май, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух додааст, се нафар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохила, санаи 30-уми майи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” Мусоев Мамараҷаб, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон, ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Тоҷикобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хкдравашро ба ҷуйбори обгузари канори роҳ чаппа намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда Мусоев М.Ҳ ва мусофири худрави мазкур Холиқов Маҳмадбобо, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон, мусофирони дигари ин худрав Бобоев Рустам ва Қурбоналиев Абдувалӣ, ки ҳарду сокинони ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия мебошанд дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВУД ТОҷикистон хабар медиҳад, ки як садамаи марговар санаи 30-уми май дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон рух додааст.

“Ронандаи худрави “Лексус”, Хусрави Маҳмасаид, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон пиёдагардон, Шералиев Убайдулло Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи мазкур ва Олимова Гулбаҳор Абдуҷалиловна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст”, - таъкид дошт ВУД Тоҷикистон.

Дар натиҷа Шералиев У.А. ва Олимова Г.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаасифона Шералиев Убайдулло дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми май тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи худрави “Опел-Астра” Қадамов Озодӣ, сокини ноҳияи Ванҷ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Сангвор-Дарвоз”, воқеъ дар мавзеи “Шаъидон”-и ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Худоиев Асламшо Ақбердиевич, ва Худоиев Умар, сокиони ноҳияи, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Худи ронанда, Қадамов Озодӣ ва мусофири дигар, Нодулёбов Амруло Аҳёевич, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

897
Барчаспҳо:
истироҳат, ҳалокат, ҷумҳурӣ, роҳҳо, нақлиёт, садама, Тоҷикистон
Школьники

Имтиҳонҳо доир намешаванд: қарори нави ситоди коронавирус дар Тоҷикистон

0
Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус хабар дод, ки дар мактабҳои Тоҷикистон баргузории ҳамагуна имтиҳонҳо лағв шуд. 

Бино бар иттилои манбаъ,ситод имрӯз бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеаву бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон баргузор карда шуд мешавад.

"Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад", - омадааст дар қарори ситод.

Ситод вазорати маорифро вазифадор кардааст, ки раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зери назорат қарор дода, бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои аппеллятсионӣ  таъсис  диҳад.

Мувофиқи тартиб аттестати аъло ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ тибқи “Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” дода мешавад.

Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф

Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи “Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттетстати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.

0