Шаҳрдоре дар Перу аз пулис барои нақзи қарантина дар дохили тобут пинҳон шуд

238
(Таҷдидшуда 11:36 23.05.2020)
Пулиси шаҳри Тантараи Перу раиси ин шаҳрро ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои соатҳои комендантӣ боздошт кардааст, ки ин низоиро чанде пеш худи онҳо ҷорӣ карда буданд

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Шаҳрдоре дар Перу аз пулис барои нақзи қарантина ва фирор аз ҷазо дар дохили тобут ҷой шуд. Мансабдор соатҳои комендантиро, ки чанде пеш худи онҳо ҷорӣ карда буданд, вайрон кардааст.

 Мири шаҳри Тантараи Перу дар тобут хобида, худро гӯё мурда нишон дод, то барои нақзи қарантин ҷазо нагирад, гузориш медиҳад RT. 
Хайме Роландо Урбина Торрес, мири шаҳрро шоми 18 май ҳангоми шаробнӯшӣ бо дӯстонаш мушоҳида карданд.

Замоне, ки пулис ба назди онҳо омад, дӯстони шаҳрдор ҳама ба ҷевонҳо руст шуданд ва ӯ ба тобуте, ки дар наздикӣ кушода буд, даромад ва худро мурда нишон дод.

Акси шаҳрдор бо ниқоб  хобида дар дохили тобут дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми санҷиш Торрес маст будааст.

Чораҳои карантинӣ дар Тантаро сар аз 9 май ҷорӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, сокинони маҳаллӣ борҳо аз муносибати бепарвоёнаи Торрес нисбат ба бехатарӣ ҳангоми пандемия изҳори норозигӣ намуда, дар асл ӯро маҷбур карданд, ки соатҳои комендантӣ ҷорӣ кунад.

238
Барчаспҳо:
пулис, маст, боздошт, шаҳрдор, Перу
Бойцы Талибан в Провинции Нанганхар, архивное фото

Такзиби даргузашти роҳбари Толибон

157
(Таҷдидшуда 19:32 02.06.2020)
Созмони террористии Толибон, ки дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ мебошад, даргузашти роҳбари созмон бар асари коронавирусро рад кард

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон даргузашти раиси ин гурӯҳ бар асари мубтало шудан ба Ковид-19-ро рад кард.

Ба гузориши сомонаи "Парстудей", ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи сешанбе гузоришҳо дар бораи даргузашти Мулло Ҳебатуллоҳ Охундзодаро рад кард ва гуфт, ки вай ҳамчунон раёсати Толибонро бар ӯҳда дорад.

Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз ин нашрияи амрикоии  Foreign Policy дар гузорише иддао карда буд, ки саркардаи Толибони Афғонистон ба далели олуда шудан ба вируси корона ҷон бохтааст.

Ин расона афзудааст, ки бархе аз коршиносони масоили сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки расонаҳои амрикоӣ қасд доранд миёни сарони Толибони ин кишвар ихтилоф эҷод кунанд, то музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон баргузор нашавад.

157
Батальон солдат США загружается в военный самолет

Коронавирус шуданд: хуруҷи низомиёни олмонӣ аз Афғонистон

74
Пештар гуфта шуда буд, ки садҳо нафар аз низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон ба маризии коронавирус мубтало шуданд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Шуморе аз низомиёни олмонии мустақар дар Афғонистон ба далели гирифторӣ ба коронавирус, хоки ин кишварро тарк карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои  Хуросон, чаҳор низомии олмоние, ки дар фурудгоҳи Кобул карантин буданд, шаҳри Мазори Шариф- маркази вилояти Балх  дар шимоли Афғонистонро  тарк карданд.

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Афғонистон: аз 11 ҳазор гузашт

Дар ҳоле теъдоде аз низомиёни олмонӣ ба далели гирифторӣ ба корона аз хоки Афғонистон хориҷ шуданд, ки пеш аз ин неруи ҳавоии ин кишвар аз гирифтории бархе аз низомиёнаш ба корона хабар дода буд.

Пештар гуфта шуда буд, ки садҳо нафар аз низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико мустақар дар Афғонистон ба корона мубтало шуданд, ки ҳамин масъала боиси нигаронии мардум, мақомот ва низомиёни ин кишвар шуда буд.

74
Барчаспҳо:
Олмон, низомиён, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

0
(Таҷдидшуда 21:36 02.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори табъи баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи “илтиҳоби шуш” дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии табъ будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон