Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти корманди ҳукумати Кӯлоб барои фиреби 12 нафар

557
(Таҷдидшуда 14:40 23.05.2020)
Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, Саидмумин Давлатов дар вазифаи мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб кор карда истода сокинонро фиреб додааст.

Ба иттилои манбаъ, моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст

“Ғайр аз ин, Давлатов С.Г. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

557
Барчаспҳо:
замин, боздошт, Оҷонсии зидди фасод, Кӯлоб, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид

345
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз аз як садамаи маргбор, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода рух додааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 23:40 рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд кардааст, дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Чанде пеш, Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намуд

Дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

345
Барчаспҳо:
пахш, пиёдагард, Турсунзода, деҳа, садама, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Бойцы Талибан в Провинции Нанганхар, архивное фото

Такзиби даргузашти роҳбари Толибон

288
(Таҷдидшуда 19:32 02.06.2020)
Созмони террористии Толибон, ки дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ мебошад, даргузашти роҳбари созмон бар асари коронавирусро рад кард

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон даргузашти раиси ин гурӯҳ бар асари мубтало шудан ба Ковид-19-ро рад кард.

Ба гузориши сомонаи "Парстудей", ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи сешанбе гузоришҳо дар бораи даргузашти Мулло Ҳебатуллоҳ Охундзодаро рад кард ва гуфт, ки вай ҳамчунон раёсати Толибонро бар ӯҳда дорад.

Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз ин нашрияи амрикоии  Foreign Policy дар гузорише иддао карда буд, ки саркардаи Толибони Афғонистон ба далели олуда шудан ба вируси корона ҷон бохтааст.

Ин расона афзудааст, ки бархе аз коршиносони масоили сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки расонаҳои амрикоӣ қасд доранд миёни сарони Толибони ин кишвар ихтилоф эҷод кунанд, то музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон баргузор нашавад.

288

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

0
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

0