Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска

Аз Деҳлӣ ба Душанбе: 45 шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози махсус ба ватан бармегарданд

258
(Таҷдидшуда 10:40 27.05.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон монда буданд,  тариқи парвози Деҳлӣ- Душанбе ба ватан хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Аз сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, имрӯз ҳавопаймо 45 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Деҳлӣ бо парвози чартерӣ ба ватан интиқол хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, тоҷиконе, ки бар асари пандемияи коронавирус дар кишвар азият мекашанд, аз Деҳлӣ ба Душанбе парвоз мекунанд. Парвози махсус имрӯз ба соати 17:00 ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Манбаъ мегӯяд,ба ватан танҳо он донишҷӯёне оварда мешаванд, ки дар барномаҳои ITEC ва ICCR бо маблағгузории ҳукумати Ҳиндустон курсҳои омӯзишӣ мегузаштанд.

Гуфта мешавад, 28 май, ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон, шаҳрвандони Ҳиндустон бо ҳамон тайёра ба ватанашон бармегарданд.

Ёдрас мешавем, чанде қабл маълум шуд, ки Сомон Эйр шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Дубай дармонда буданд, 29 май бо парвози махсус ба Душанбе интиқол медиҳад.

Дуввум парвози махсуси аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои Fly Dubai 31 май сурат мегирад.

258
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Шоира Бузурукова, вакил ва сартабиби таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд

469
Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд санаи 4 июли соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар бораи марги табиб Назира Ғаффорӣ дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ додааст.

Баҳодурхон Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик
“4 июли соли 2020 дили яке аз инсонҳои наҷиб, табиби ҳозиқ, вориси арзандаи Сино, бонуи оқилу бафазилат, номзади илмҳои тиб, роҳбари кордону ташаббускор, ташкилотчии моҳир, зани соҳибмаърифату соҳибикром, матиниродаву накӯкор, зиндагидӯсту зебопараст, ҳалиму меҳрубон, хушсухану хушодоб, модари мушфиқу ғамхор Бузурукова Шоирахон Камоловна аз тапиш бозмонд”,-навиштааст хонум Ғаффорӣ.

Ба навиштаи ӯ, Шоирахон Камоловна барои рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ҳамчун вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд дар ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, хосатан дар соҳаи тиб саҳми шоиста гузоштааст.

Аммо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани табиб иттилоъ дода нашудааст.

Гуфта мешавад, Шоира Бузурукова, дар раёсати тандурустии вилояти Суғд кор кардаву муддатҳо  таваллудхонаи шаҳри Хуҷандро роҳбарӣ мекард.

Солҳои охир вай ба ҳайси сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд  ва ҳамзамон вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд буд.

469
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Донишҷӯи Донишкадаи технологӣ ҳамраҳи 22 - солаи худро корд зада кушт - акс

308
(Таҷдидшуда 14:41 05.07.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти донишҷӯйи бахши 2 - юми Донишкадаи технологӣ хабар медиҳад, ки ҳамраҳи 22 солаи худро бо корд зада куштаст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Кормандони пулиси Душанбе ҷавони 20 - соларо бо гумони даст доштан дар ҳодисаи куштор боздошт намуданд.

акс аз сафҳаи РВУД Тоҷикистон
Бабаев Ансор гумонбар дар қатли сокини 22 - солаи пойтахт

Котиботи Раёсати умури дохилии дар пойтахт хабар медиҳад, ҳодисаи куштор шоми 29 - уми июн дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух дод.

Манбаъ меафзояд, миёни Бабаев Ансор соли таваллудаш 18-уми октябри 2000, сокини шаҳри Душанбе маҳаллаи Гулбутта, донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи технологии Тоҷикистон ва Маҷидов Аюбҷони 22 - сола сокини шаҳри Душанбе муноқиша бархост.

Шавҳар ба милиса шикоят бурд: занам маро бо корд зад

Дар натиҷа Ансор, ки бо корд мусаллаҳ буд ба қисмати рони пои чапи Маҷидов якчанд маротиба зарба задааст.

Гуфта мешавад, Маҷидов аз ҳисоби талаф додани хуни бисёр дар беморхона ба ҳалокат расид.

РВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон нисбати донишҷӯи гумонбаршуда, бо моддаи 110 қисми 3 банди "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан татбиқ карда шудааст.

308
Барчаспҳо:
боздошт, донишҷӯ, куштор, Тоҷикистон
График на бирже, архивное фото

Холиқзода гуфт,  ба рушди иқтисоди Тоҷикистон чи омилҳо монеа мешаванд

0
(Таҷдидшуда 17:52 05.07.2020)
Рушди иқтисодии Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст, гуфт директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолик Холиқзода

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Коҳиши иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020 ба рушди иқтисодии Тоҷикистон халал мерасонад, гуфт Абулхолиқ Холиқзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар сущбат бо “Ховар”.

“Мушоҳида мегардад, ки бо пайдоиш ва шуруъи бемории сироятии СOVID – 19 дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бинобар таъсироти манфии он ба коҳишёбии маҳсулнокии фаъолият дар натиҷаи беморшавӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнашуда дар корхонаҳои саноатӣ, маҷмуан паст гардидани даромаднокӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар паёмади муваққатан ва ё пурра аз даст додани фаъолнокии корӣ оварда расонид”,- гуфтааст ӯ.

Бо ишора ба пешгӯии таҳлилгарон, Холиқзода қайд кард, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон боиси кам шудани 30-40% сармоягузорӣ мегардад.

Директори марказ диққатро ба он ҷалб кард, ки якчанд омилҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонанд.

Ҳушдори БМТ аз хатарҳои коронавирус ба иқтисод: меъёри бозтамвилро кам кард

“Ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон айни замон таназзули иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020, пӯшидани сарҳадҳо, сустшавии иқтисодиёти Россия ва Чин ба сифати шарикони асосӣ, кам шудани содироти молҳои ватанӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои хориҷӣ ва даромади хонаводаҳо, бефаъолӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сайёҳӣ, кам гардидани савдо ва сайёҳон таъсиргузор хоҳанд буд”,-зикр кард ӯ .

0