Иномзода Фирдавс, отец, который избивал своих детей

Падаре ки фарзандонашро кӯфт: барои ҷудошавӣ аз зани муҳоҷирашу пул ин корро кардааст

1942
(Таҷдидшуда 12:50 27.05.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби лату кӯби фарзандони ноболиғ аз сӯи падарашон, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуду баҳсҳои зиёдеро ба миён овард, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Акбар Шариф,  сухангӯи Раёсати ВКД дар Суғд мегӯяд, гумонбаршуда Иномзода Фирдавс тавре нишондод медиҳад, барои бекор кардани ақди никоҳ ин усули ҳассосу таъсиррасонандаро, ки ҷиноят аст, истифода кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон гумонбаршуда, гирифтани маблағ аз ҳамсари муҳоҷири худро тасдиқ мекунад, ки гӯё барои тарбияи фарзандон истифода карда бошад.

Қаблан низ гуфта мешуд, падар барои ба даст овардани пул аз модари фарзандонаш онҳоро лату кӯб кардаас.

Ба иттилои Акбар Шариф шаҳрванд Иномзода Фирдавс Аббос пас аз нашри навор дар интернет аз сӯи  командони пулис фавран кофтуков ва боздошт гадид.

“Оиди шахсияти гумонбаршуда Фирдавс Иномзода гуфтан ҷоиз аст, ки қаблан соли 2017 барои ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ суд шудааст”,-афзудааст Акбар Шариф.

Қаблан Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри навори латукӯби кӯдак аз ҷониби падар онро таҳқиқ карда, иттилоъ дод, ки Иномзода Фирдавси 34-сола аз сӯи кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд бо гумони латукӯби ноболиғ боздошт гардид.

Додом назад, нағзаш мебинам: хабаргирии кӯдаконе, ки падараш онҳоро кӯфт-видео

“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Иномзода Фирдав Аббос, соли таваллудаш 26.11.1986, ки қаблан бо моддаи 281 КЧ ЧТ маҳкум шудааст, боздошт шуд”,-иттилоъ дода буд Раёсати кофтукови ҷиноӣ.

Таъкид шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса, айни замон кормандони милитсияи вилояти Суғд тафтишот мебаранд.

1942
Барчаспҳо:
навори лату кӯб, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Кровать в номере, архивное фото

Боздошти боз як ҷавоне, ки дар Душанбе даст ба ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона задааст

480
(Таҷдидшуда 12:49 07.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 21-сола хабар дод, ки дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 6-уми августи соли 2020, хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи М.Қурбонов воқеъбударо ба фоҳишахона табдил додаааст.

Инчунин ВУД қайд кардааст, ки номбурда барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 35 ва зани 38-солаи сокинони пойтахт дар хонааш шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

480
Барчаспҳо:
чолокӣ, ҷавон, нигаҳдорӣ, фоҳишахона, ВУД, Тоҷикистон
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

567
(Таҷдидшуда 11:36 07.08.2020)
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35-сола хабар доданд, ки ҳамсари ҷавони худро аз ҳисиёти рашк бӯғӣ карда ба ҳалокат расондааст

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Масъулини ВКД таъкид доштанд, ки номбурда, санаи 4-уми августи соли равон, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26-сола, аз ҳисиёти рашк ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки марди 35-сола баъдан, бо мақсади рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон карда, ресмонро бурида ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш ҷавонзани 26-сола худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

567
Барчаспҳо:
зан, ҷавон, ҳалокат, ҳамсар, мард, боздошт, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0