Подмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото

Сел дар ВМКБ ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ - ро боздошт

1250
(Таҷдидшуда 18:53 01.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз боришоти сахти борон дар ду деҳоти ВМКБ хабар медиҳад, ки боиси баста шудани шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ гардид

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, рӯзи 27 – уми майи соли 2020 тахминан соати 22:20 дақиқа бар асари бориши шадиди борон дар километри 347, мавзеи деҳаи Санғев, ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омадааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сели азим муддате ҳаракати нақлиёт ба ду самтро боздошт. 

"Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ, борбардори фронталӣ аз тарафи МДНРА-и ноҳия соати 00:46 дақиқа ҳолати баамаломада бартараф карда шуда, роҳ барои ҳаракати нақлиёт пурра боз шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дирӯз нимишабӣ низ бар асари бориши сахти борони баҳорӣ  дар километри 324, мавзеи деҳаи Шикев, ҷамоати деҳоти Нулванд шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омад ва он муваққатан роҳи ҳаракати мошинҳоро баст.

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, то ин соате, ки хабар омода мешуд, корҳои бартарафсозии паёмади ин сели азим идома дошт ва бо расидани хабари тоза, хонандагонро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Навраси 13 солаи Хоруғ дар руди Ғунд афтиду нопадид шуд

1250
Барчаспҳо:
боришоти шадид, сел, ВМКБ
Нож в руке, архивное фото

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

317
(Таҷдидшуда 13:11 29.10.2020)
Нисбати сокини Истаравшан дар робита ба қатли ҳамсари худ, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан муноқишаи оилавии зану шавҳари ҷавон ба ҳалокати зани 28 - сола анҷомид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 10 октябр, тахминан соати 13:00-дақиқа дар манзили истиқоматии зану шавҳар рух дод.

Манбаъ меафзояд, марди 30 - солаи сокини деҳаи Қадамҷои шаҳри Истаравшан бо ҳамсари 28 - солаи худ муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба гарданаш задааст.

Ҳамсарро қатл ва хушдоманро захмӣ кард: боздошти сокини 27-солаи Норак бо ҷурми одамкушӣ

Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Номбурда бо мақсади худро аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд гардани худро бурида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо модддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

317
Барчаспҳо:
боздошт, мард, куштор, Истаравшан
Председатель госкомитета по инвестициям Кодири Косим

Аз заминҳои камҳосил то нархи баланди чорвою камширии говон: баҳси сиёсати аграрӣ

140
(Таҷдидшуда 11:45 29.10.2020)
Дар Душанбе вакилону роҳбарони  вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ”-ро таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, зимни муҳокимаи лоиҳаи қонун зиккр гардидааст, ки тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи ҳосилнокии зироат ва маҳсулнокии чорво барои баланд бардоштани даромаднокӣ мусоидат намекунанд.

“Масалан, ҳосилнокии ғалладона ба ҳисоби миёна дар 5 соли охир дар сатҳи 28-сентнерӣ аз ҳар гектар, пахта 18,6, картошка 208, сабзавот 251,4 ва мевагиҳо 40,2-сентнерӣ қарор доранд. Ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов ба 1706 килограмм баробар мебошад”, афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, на ҳама вақт  маълумоти таҳлилӣ оид ба вазъи бозори аграрии мамлакат сари вақт пешниҳод мегарданд, ки барои танзими он зарур мебошанд.

 Зикр шудааст, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо нархи паст харидорӣ шудани маҳсулоти соҳа, масалан пиёз аз 30 то 50 дирам, картошка 1,5 -1,8 сомонӣ,  болоравии нархҳои маҳсулоти чорвою паранда дар бозорҳои дохилӣ масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли худро талаб мекунанд”,-мегӯяд манбаъ.

 Зимни нишаст зикр шудааст, ки сатҳи дастгирии давлатии соҳа низ ба талаботи пешбурди соҳа мусоидат намекунад.

“Дар натиҷа дар соҳа муносибатҳои иҷоравии ғайрирасмӣ ба миён омада, заминистифодабарандагони дуюм ва сеюмдараҷа сиёсати истифодаи заминро муайян мекунанд, ки ин яке аз сабабҳои зуд  — зуд тағйирёбии нархҳо мебошад. Ин ҳолат ҳамчунин сабаби аз истифодаи кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои замин, бад гаштани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ  гардида истодааст”,-таъкид кардаанд, ҳозирин.

Таъкид шудааст, ки ҳоло ҳалли масъалаҳои ташаккули сохтори институтсионалӣ, муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, якҷояшавии (интегратсияи) онҳо бо корхонаҳои коркарду шабакаҳои савдо, ташаккули занҷираи ягонаи логистикӣ ва кластерҳои агросаноатӣ,   ҳимояи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар бозори фурӯши маҳсулот, дастгирии давлатии соҳа ва дигарҳо таваҷҷуҳи махсус талаб менамоянд.

Гуфта шудааст шароити феълии ҷаҳони афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ватаниро талаб мекунад ва Тоҷикистон имкони табиии афзун намудани озуқавориро дорад.

Хатлон ба 9 давлати хориҷӣ беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард

“Танҳо зарур аст, ки ҷойгиронии саноати хӣрокворӣ ва ташаккули низоми логистикӣ, яъне дар сатҳи баланд пешгирӣ намудани талафи маҳсулоти соҳа, дастгирии устувори давлатии соҳа ва дигар масъалаҳо ҳалли худро ёбанд”,- ммегӯяд манбаъ.

 

140
Эмомалӣ Раҳмон бо ниқоб, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои сабукӣ: дору, ниқоб ва тестҳо алайҳи СОVID-19 арзон мешаванд?

177
(Таҷдидшуда 13:31 29.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дорую дастгоҳҳои тиббиеро, ки барои мубориза бо СОVID-19 вориди кишвар мешаванд, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон охири сентябр имзо кардааст, доруворӣ ва дастгоҳҳое, ки барои муайянсозию мубориза бо коронавирус ворид мешаванд, аз пардохти аксизҳо, боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки расмиёти заруриро зимни воридоти маводи мубориза бо коронавирус саривақт анҷом диҳад.

Ба феҳрасти колое, ки аз пардохтҳои ҳатмӣ озод шудаанд, аз ҷумла мавод барои истеҳсоли воситаҳои  безараргардонӣ, дору, либосҳои муҳофизатӣ ва таҷҳизот барои муайянсозии бемории сироятии коронавирус зикр гардидаанд.

Аз ҷумла воридоти тестҳое, ки гирифтории шахс ба ин бемориро фавран муайян месозанд, аз боҷу андоз озод гардидаанд.

Дар феҳраст инчунин матоъ барои дӯхтани ниқобу либосворӣ, дастгоҳҳои ҳаводиҳӣ, дастгоҳҳои ренгению ташхиси компютерӣ ва даҳҳо маводу дастгоҳи дигар зикр шудаанд.

Ироаи сабукӣ дар ҳолест, ки қаблан корафтодагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон будани дорувориҳо ва воситаҳои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон шикоят карда буданд.

177
Барчаспҳо:
сабукӣ, қарори ҳукумат, дору, Тоҷикистон