Руки задержаного в наручниках, архивное фото

Ошкор шуд, кӣ аз корхонаи “Дуоб” 40 ҳазор долларро дуздид

693
(Таҷдидшуда 12:15 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони милитсия марди 43 соларо, ки дар дуздии корхонаи ҶДММ “Дуоб” гумонбар медонанд боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кард нафаре, ки аз корхонаи ҶДММ “Дуоб”  30 ҳазор доллару 40 ҳазор сомонӣ дуздӣ кард боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия, ҳангоми гузаронидани як амалиёти махсус марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

Гуфта шудааст, ки номбурда, моҳи январи соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Дуоб”, воқеъ дар кӯчаи Машъал, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

693
Барчаспҳо:
корхона, гумонбар, дуздӣ, боздошт, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Горная дорога в Таджикистане

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: ду мусофири "Тайота - Карола" ҷон бохтанд

23
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад, ки ба ҳалокати ду мусофири автомашинаи "Тайота - Карола" анҷомид

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ"  дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дод, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур рӯзи 5-уми август, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа ба вуқӯъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Нуриддинов Шуҳрати 32 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола", таҳти идораи Муродов Иброҳими 37 - сола сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи "Тайота - Карола" Қамишев Нуриддини  54 - сола ва Эмомқулов Алиҷони 28 - сола аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ва мусофираш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

23
Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, мошин, садама, роҳ
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

335
(Таҷдидшуда 12:26 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, хабар дод Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи парлумон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.

Муҳлати резидентӣ дар Тоҷикистон  7 сол аст.

Президенти кунунии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1994 инҷониб дар ин вазифа аст.

335