Охирин омори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 29 ҳолат дар як рӯз

141
(Таҷдидшуда 10:57 08.06.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори нави гирифторони коронавирусро дар ин кишвар нашр кард, он ба 4331 нафар мерасад

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik.  Дар Ӯзбекистон шумораи шахсони мубталои коронавирус боз 29 нафар афзуда, теъдоди умумии он ба 4,331 ҳазор нафар расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар.

"То 31 май шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба 4331 нафар баробар шудааст аст", - таъкид мешавад дар хабар.
Рӯзи шанбе дар маҷмӯъ 237 ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд, ки ин рекорди нав оид ба шумораи гирифторон дар як рӯз мебошад.

Афзоиши шумори гирифторони ин беморӣ ахиран 15 апрел ба қайд гирифта шуда буд, ки ба 167 нафар мерасид.

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии шифоёфтагон ба 3354 нафар расида, рӯзи якшанбе 86 нафар аз беморхонаҳо, рӯзи шанбе 41 нафар, ҷумъа - 140 нафар мураххас шудаанд. Ҳоло 960 нафар гирифторони COVID-19 табобат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Сар аз имрӯз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо дар ин кишвар ба рӯйи сокинон бояд кушода шавад.

 

 

 

141
Тонущий человек, архивное фото

Дар Лахш дучархарони 14 - сола ба рӯди Қизилсӯ сарозер шуд

22
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дучархарони 14 - сола дар Лахш ба дарёи Қизилсӯ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 10 - уми август, тахминан соати 13:00 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 14-солаи деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи Қизилсӯ сарозер шудааст.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Гуфта мешавад, аз сабабе, ки дар гирду атрофи ӯ касе қарор надошт, аз ин рӯ ӯ ғарқи об шуда ҷон бохт.

Зимнан, наҷотбахшон ҷасади ӯро аз мавзеъи "Мирзоқиштов" ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи таъйид намудааст, ки ҷавон аз беэҳтиётӣ ғарқи дарё шуд.

22
Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, дучархарон, Лахш
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Пулис сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯяд: аз чор нафар 1.5 миллион сомонӣ гирифту ғайб зад

381
Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯянд, ки дар фиреби 4 мард муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Аз болои сокини 30 - солаи шаҳри Кӯлоб марди 40 - сола, ки низ аз ҳамин шаҳр мебошад, ба ШВУД дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Бар тибқи даъвои сокини Кӯлоб, ҷавони 30 - сола соли гузашта ба боварияш даромада аз ӯ 1 миллиону 147 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Зимнан, ин ҷавон бо ҳамин тарзу усул бо роҳи фиреб ба воситаи шахси сеюм ба боварии марди 34 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 88 ҳазор сомониро гирифта, барнагардондаст.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Инчунин ӯ бо роҳи фиреб ба воситаи марди 34 - сола ба боварии марди 32 - солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 115 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

"Боз ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 30 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ба воситаи ӯ аз марди 34 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод, 234 ҳазор сомонӣ, чорвои майдаи шохдор гирифта ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки  дар маҷмӯъ номбурда ба шахсони дар боло зикршуда, маблағи умумии 1 миллиону 584 ҳазору 500  сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

381
Барчаспҳо:
қаллобӣ, пулис, ҷустуҷӯ, сокин, Кӯлоб

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

0
(Таҷдидшуда 17:57 11.08.2020)
Вуруд ва бурун рафтан аз бозори "Теплий стан" дар шаҳри Маскав муваққатан масдуд гардид. Иллати баста шудани бозор ба шикори муҳоҷирони ғайриқонунӣ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар бозори "Теплий стан" - и шаҳри Маскав алъон рейди кормандони пулис алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷараён дорад.

Даромад ва баромади мардум ба бозори мазкур муваққатан масдуд гардидааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Муҳоҷирон бекор монданд: дар Маскав бузургтарин бозору марказҳои савдо баста мешаванд

Зикр мегардад, ки рейди мазкур ба хотири дастгир намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ пиёда гардидааст.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршудагоне, ки дар сохтакории як қатор ҳуҷҷатҳо ва мӯҳрҳо машғул буданд, ҳоло дастгир карда мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, амалиёти мазкур дар ҳамкории пулис бо Хадамоти федеролии Русия ва Росгвардия сурат мегирад.

Тибқи гузоришҳои тасдиқнашуда, ин рейд метавонад ба бархӯрди байни муҳоҷирон ва полис дар авоили моҳи август бастагӣ дошта бошад.

0
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, муҳоҷирон, Маскав, баста, бозор