Гаштугузори озод: Маҳдудиятҳои қарантинӣ фардо дар Маскав бардошта мешавад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкОтдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, эълон кард, ки сар аз фардо дар пойтахти Русия иддае аз маҳдудиятҳои қарантинӣ бардошта ва гаштугузор озод мешавад

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik.  Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, эълон кард, ки сар аз фардо дар Маскав, низоми худҷудоӣ, иҷозатномаи рақамӣ ва баъзе маҳдудиятҳои дигар бардошта мешавад.

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Файзов аз коҳиш ёфтани теъдоди дардмандони коронавирус дар Бадахшон гуфт

Сергей Собянин, ин нуктаро имрӯз зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошта гуфтааст, тайи чанд ҳафтаи ахир сатҳи хуруҷи бемории коронавирус дорад оҳиста- оҳиста поён мешавад.

Тибқи қарори Собянин, аз 9 июн сартарошхонаҳо, салонҳои зебоӣ ва қабристонҳо дар Маскав ба кор оғоз мекунанд ва равуои нақлиётӣ пурра иҷозат дода мешавад.

Гуфта мешавад дар пайи ин қарор ҳамчунин тамои кинотеатрҳо, сиркҳо вадигар марказҳои фарҳангӣ кушода мешаванд.

Ба таъкиди шаҳрдори Маскав, аз 16 июн дар пойтахт қаҳвахонаю китобхонаҳо, хадамоти кироя ва нуқтаҳои дандонпизишкӣ, инчунин осорхонаҳо, толорҳои намоишгоҳо ва боғҳои хайвононт низ боз хоҳанд шуд.

Сар аз16-ум июн бошад тамошобинон метавонанд аз варзишгоҳҳо боздид кунанд, аммо набояд аз 10% зиёд бошад.

Бар пояи қарор то 23 июн толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, қаҳвахонаҳои даруни толорҳо ва тарабхонаҳо, кӯдакистонҳо ва майдончаҳои бозӣ баста мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки маҳдудиятҳо дар охири моҳи март дар Маскав ба сабаби паҳн шудани коронавирус дар саросари Русия ҷорӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0