ДТП, архивное фото

Садамаи марговар дар Ҳисор: ронанда ба девори канори роҳ бархӯрд ва мусофираш ҳалок шуд

285
Ронандаи 22 - сола аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада ба девори канори роҳ бархӯрд, ки дар натиҷа мусофири 28 - солаи ӯ ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 10  июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистн аз ҳодисаи маргбори нақлиётӣ дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 8 - уми июн, тахминан соати 17:30 - дақиқа рух додааст.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Ҳалимзода Шаҳбози 22 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Ориён ба самти маркази шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Булбулчашма аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори рости роҳ бархӯрдааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Гулекова Мавзунаи 28 - сола, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

285
Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, мошин, садама, Тоҷикистон

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

14
(Таҷдидшуда 09:58 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии мқҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр ёфтаанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии “Ритуал” гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муаян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

14
Доллары в конверте, архивное фото

Боздошти афсар барои талаби пора аз бародари сарбоз

55
(Таҷдидшуда 09:39 07.07.2020)
Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти афсаре хабар медиҳад, ки аз бародари як сарбоз маблағ талаб кардааст

 

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бо иттиҳоми гирифтани пора афсар Ёрмаҳмад Нуров боздошт гаштааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Агентӣ.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ Ёрмаҳмад Нуров барои дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ҷойгир намудани шаҳрванд “А”, ки барои хизмати ҳарбӣ даъват гардида буд, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз бародараш шаҳрванд “Б” маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуд.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Нуров Ё.Г. баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ  дарёфт ва гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Нуров Ё.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд.

Дафтари матбуотии Агентӣ дар бораи мақом ва рутбаи афсар иттилоъ надодааст.

55
Барчаспҳо:
Агентии мубориза бо фасоди молӣ, боздошт, пора, сарбоз, Афсар, Тоҷикистон