Тонущий человек, архивное фото

Сокини 10 - солаи Кушониён дар заҳбур ғарқ шуд

150
(Таҷдидшуда 14:22 10.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон аз ғарқшавии як сокини 10 - солаи ноҳияи Кушониён хабар медиҳад, ки дар заҳбур ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 8 - уми июни соли 2020, тахминан соати 10:10 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, навраси 10 - сола, ки дар заҳбури поёни деҳаи Комсомоли ноҳияи Кушониён ба танҳоӣ шиноварӣ намудааст, ғарқ шудааст.

"Иллати аслии ғарқ шудани вай маълум нест, вале тахмин меравад, ки аз беэҳтиётӣ гирифтори ин фоҷеа шуда бошад", - таъкид мешавад дар хабар.

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

Манбаъ меафзояд, наҷотбахшон субҳи рӯзи 9 - уми июн ба ба кофтукоби ҷасади наврас баромаданд ва соати 14:06 дақиқа ҷисми беҷони ӯро 3 киллометр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар мавзеи деҳаи Абдурраҳмони Ҷомӣ пайдо карданд ва онро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ёдовар мешавем, ки бо фаро расидани мавсими гармо дар рӯду ҳавзҳои ҷумҳурӣ ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

КҲФ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват мекунанд ,ки дар ҷойҳои барои шиноварӣ мамнӯъ аз оббозӣ кардан худдорӣ намоянд.

150
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

73
(Таҷдидшуда 11:38 07.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

73

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

236
(Таҷдидшуда 11:32 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птисефабрикаи шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр дарёфтанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии "Ритуал" гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муайян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

236

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

0
(Таҷдидшуда 11:44 07.07.2020)
Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт оилд ба масоили коронавирус рӯзи гузашта вориди Туркманистон гардид Ханс Клюге, раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо дар Твиттераш дар ин бора хабар додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ду рӯз пеш Катерине Смоллвуд,  намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус Туркманистон мераванд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони СҶБ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони ТУТ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотие изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

СҶБ ба ваксинаи Русия алайҳи коронавирус эътимод дорад ва пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на  саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст. 

 

 

0