Боздошти ҷавонзани 19 сола дар Исфара, ки шавҳарашро корд зад

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳарчанд ҷабрдида нисбат ба зани худ ягон зӯроварии ҷинcӣ нишон надода бошад ҳам, зан ба ҳиссиёт дода шуда як корд ба қафаси синаи шавҳар зада, ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Кормандони пулиси шаҳри Исфара аз боздошти ҷавонзани 19 сола хабар медиҳанд, ки ҳамсари худро корд задааст.

Knife - Sputnik Тоҷикистон
Шикояти келинчак аз шавҳар: дар ҳолати мастӣ бо корд дар қафаси синаам зад

Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати ВКД дар Суғд, ҳодисаи нохуш дар ҷамоати Навгилеви шаҳри Исфара санаи 19 май рух дода, Аниса Муминҷонова як маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш Фаридун Ҳасанови 20 сола корд задааст.

Манбаъ мегӯяд,  мунозира дар ҳуҷраи хоб оғоз ёфта, ҳамсарон танҳо миёни ҳам муноқишаи лафзӣ менамоянд.

“Ҳарчанд ҷабрдида нисбат ба зани худ ягон зӯроварии ҷисмонӣ нишон надода бошад ҳам зан ба ҳиссиёт дода шуда як корд ба қафаси синаи шавҳар зада ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар пайи ҳодиса Фаридун Ҳасановро бо ҷароҳати вазнин ба беморхона мебаранд.

Аниса Муминҷонова, дар навори видеоӣ мегӯяд, шавҳараш чи гапи нодурусте зад, ки ба эҳсос дода шуд ва ба чунин амал даст зад.

Дар шаҳри Душанбе зани 38-сола шавҳарашро ҳафт корд зада кушт

Хурсандмурод Фозилов, сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар Исфара мегӯяд,  ҳодиса дар заминаи ҳамдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омада зани ҷавон  ҳамсарашро бо корди хоҷагӣ захмӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол нисбат ба Муминҷонова парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта тафтишот идома дорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0