Ноги, архивное фото

Боздошти командир барои пора ва водор кардани хоҳари сарбоз ба амали шаҳвонӣ

4043
(Таҷдидшуда 14:16 17.06.2020)
Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон Муродов Шарифхон Командири взводи Мактаби таълимии “Пойтахт”-ро бо иттиҳоми порагирӣ ва амалҳои шаҳвонӣ боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Муродов Шарифхон дар вазифаи Командири взводи Мактаби таълимии “Пойтахт”-и қисми ҳарбии №0123 кор карда истода, ба чунин аъмол даст задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд “А”  барои пеш аз муҳлат аз хизмати минбаъдаи ҳарбӣ озод намудани бародараш-шаҳрванд “Б” маблағи 30000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуд.

“Дар баробари ин, Муродов Ш.Т. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, санаи 19 феврали соли 2020 шаҳрванд “А”-ро ба меҳмонхонаи ҶДММ “Сино-555”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, даъват намуда, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баръало баромада, бо истифода аз ҳолати оҷизии охирин талаботҳои шаҳвонии худро бо ӯ қонеъ кард”,-афзудааст манбаъ.

Оҷонсӣ мегӯяд, оид ба ин ҳолат нисбати Муродов Шарафхон бо моддаҳои 391 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Феълан назари айбдоршаванда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳом маълум нест.

4043
Барчаспҳо:
пора, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, Афсар, боздошт, Душанбе, Тоҷикистон
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото

Аввал занашро корд зад, сипас худашро: шарҳи ВУД аз бистарӣ шудани ду ҷавон дар беморхона

135
(Таҷдидшуда 14:09 14.07.2020)
Ҷавони муттаҳам ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ соати 1-и шаб, ба манзили падарарӯсаш ба назди ҳамсараш рафта, ҷанҷол намуда, сипас кордкашӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи кордкашӣ дар ноҳияи Кушониёнро, ки дар пайи онр ду ҷавон - зану шавҳар дар беморхона бистарӣ шудаанд, тавзеҳ додаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 13 июл рух додааст.

ВУД менависад, "дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён шаби 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00 ба хонаи падарарусаш рафтааст".

Гуфта мешавад, ӯ бо ҳамсараш, зани 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои муҳими бадани охирон зада, сипас бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои бадани худаш зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Сабаби ин амали ҷвон маълум нест.

Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

135
Арест, архивное фото

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

604
(Таҷдидшуда 18:35 13.07.2020)
Раёсати умури дохилии дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорӣ хабар медиҳанд, ки зани 62 - соларо бо мошинаш пахш намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Бар хабари РВУД дар шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи номаълум, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 21:20 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" зани 62 - соларо пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Водитель совершивший наезд на пешехода
Водитель совершивший наезд на пешехода

Манбаъ меафзояд, ронанда пас аз пахш намудани пиёдагард ӯро фавран ба бемористон интиқол медиҳад ва худат ба самти номаълум ғайб мезанад.

"Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.

Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

604
Барчаспҳо:
акс, ронанда, боздошт
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

0
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

0