Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Чаро Президент Турсунзодаро баъди 4 моҳ аз мансаб ронд

1830
(Таҷдидшуда 17:31 17.06.2020)
Оҷонсии мубориза зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти суди ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ Турсунзода Шараф суди ноҳияи Айнии дар пайи шикояти шаҳрванд “А” боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда барои шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати судшавандагон “Б, В, Г” маблағи 15000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда, аз он 10000 сомониро 3 июни соли 2020 гирифта, боз оварда додани боқимонда 5000 сомониро талаб намуда истодааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда санаи 6 июни соли ҷорӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ ба сифати пора, дастгир карда шуда ва маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Оҷонсӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Турсунзода Шараф бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Номбурда санаи 15 июн бо қарори раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мақомаш барканор шуд.

"Шаъну шарафро паст зад": Раҳмон Турсунзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

Турсунзода Шараф чор моҳ пеш, 7 феврали соли 2020 баъди боздошти Икром Ҷумъазода, раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ, аз вазифаи судяи суди ноҳияи озод ва раиси суди ҳамин ноҳия таъин гардида буд.

Тобистони соли 2018 Оҷонсии зидди фасод раиси пешини суди ноҳияиро боздошт карда буд. 

“Шаъну шарафро паст зад”: Президент Собирзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

Оҷонси мубориза бо фасод боздошти Икром Ҷумъазодаро тавзеҳ дода гуфт, ки раиси пешини додгоҳи Айнӣ танҳо барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум накардани як сокини ноҳия аввал 500 доллар ва сипас 3000 сомонӣ талаб карда, гирифта буд.

Номбурда бо иттиҳоми ришвахорӣ аз сӯи Додгоҳи олии кишвар ба муҳлати 7 сол равонаи зиндон шуд.

 

 

1830
Сейсмография, архивное фото

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

70
(Таҷдидшуда 15:28 14.07.2020)
Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Имрӯз, соати 12:34 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар  марказ 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

Ёдрас мешавем, ки 4 июл низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба кайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб диданд.

70
Барчаспҳо:
такон, марказ, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото

Аввал занашро корд зад, сипас худашро: шарҳи ВУД аз бистарӣ шудани ду ҷавон дар беморхона

227
(Таҷдидшуда 14:09 14.07.2020)
Ҷавони муттаҳам ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ соати 1-и шаб, ба манзили падарарӯсаш ба назди ҳамсараш рафта, ҷанҷол намуда, сипас кордкашӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи кордкашӣ дар ноҳияи Кушониёнро, ки дар пайи онр ду ҷавон - зану шавҳар дар беморхона бистарӣ шудаанд, тавзеҳ додаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 13 июл рух додааст.

ВУД менависад, "дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён шаби 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00 ба хонаи падарарусаш рафтааст".

Гуфта мешавад, ӯ бо ҳамсараш, зани 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои муҳими бадани охирон зада, сипас бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои бадани худаш зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Сабаби ин амали ҷвон маълум нест.

Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

227
Молодожены держатся за руки

Бо таъсири COVID -19: бекоркунии ақди никоҳ дар Суғд кам шудааст

0
Масъулони Раёсати сапти ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар Суғд, яке аз сабабҳои кам шудани теъдоди бекоршавии ақди никоҳ дар хонаводаро аз хуруҷи бемории коронавирус арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Лолахон Файззода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, дар зарфи шаш моҳи гузашта 2019 мавриди бекоркунии ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли қабл 221 кам будааст.

“Яке аз сабабҳои асосии камшавии бекоркунии ақди никоҳи оилаҳоро аз хуруҷи бемории COVID – 19 ҳам гуем мешавад, чунки дар ин давра муроҷиат ба бекоркуни ақди никоҳ камтар буд. Аз тарафи дигар мо имрӯз дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо оиди ин масъала корбарӣ дорем, ки албатта натиҷаи хуб додаистодааст”,- таъкид намуд Файззода.

Бино ба иттилои ин ниҳод давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 7945 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ин давраи соли 2019, 610 ҳолат кам будааст.

Дар ин давра 1922 ҳолати бекоркунии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019, 221 ҳолат кам гуфта мешавад.

Коронавирус таъсир кард: дар Дубай издивоҷ ва талоқ мамнӯъ шуд

Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд мегуяд, 1251 ҳолат аз шумори умумии бекоршавии ақди никоҳҳо ба қарори суди шаҳру ноҳияҳо сурат гирифтааст.

0