Строительство нового дома в Душанбе

Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 24 дар сад афзоиш ёфтааст

184
(Таҷдидшуда 11:56 19.06.2020)
Дар панҷ моҳи соли равон бинои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 365,2 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 24,6% зиёд аст

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik.  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд,  дар кишвар суръати сохтмони манзил дар ҳоли афзоиш аст.

Ба иттилои манбаъ, афзоиши сохтмони манзил дар бахши хусусӣ, ки асосан биноҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёна сохта мешаванд, ба назар мерасад.

"Дар панҷ моҳи соли равон бинои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 365,2 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 24,6% зиёд аст", - гуфтааст ин ниҳод.

Ин ниҳод гуфтааст, айни замон биноҳои баландошёна асосан дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо сохта мешаванд, ки дар онҳо системаи канализатсия мавҷуд аст.

Манбаъ мегӯяд, танҳо дар Душанбе дар ин давра 62,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Ба гуфти  Кумитаи меъморӣ, набудани системаи канализатсия дар бисёр шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон сохтани бинои бисёрошёнаро душвор мегардонад.

Иттилоияи Кумитаи меъмории Тоҷикистон дар ҳолест, ки коршиносон аз коҳиши сохтмонҳо бинобар пандемияи коронавирус мегӯянд.

Ба таъкиди коршиносон, агар қаблан дар Тоҷикистон одамон малағро барои хариди хонаҳо ба биноҳи навсох медоданд, ҳоло вазъ дигар шудааст ва сокинон кӯшиш мекунанд, ки пасандозҳои худро сарф накунанд.

Гуфта мешавад, камшавии якбораи интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия, ба соҳаи сохтмон низ таъсир мерасонад.

Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон ахиран аввали солӣ ҷорӣ гуфта буд, ки таи 7 соли ахир дар ин кишвар наздик ба 8 миллион метри мураббаъ манозили маскунӣ ба баҳрабардорӣ расида.

 

184
Сейсмический график, архивное фото

Тоҷикистонро заминларзаи 5-баллӣ такон дод

260
(Таҷдидшуда 16:05 04.07.2020)
Маркази заминларза 201 километр ҷанубу шарқтар аз  Душанбе ва 50 километр дуртар аз водии Рашт  ҷойгир будааст

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Имрӯз, соати 14:53 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои АМИТ "Ховар", маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии  Душанбе ва 50 километр дуртар аз водии Рашт  ҷойгир будааст.

Хисорот ба қайд гирифта нашуд: дар Тоҷикистон замин ларзид

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер дар  марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Хушбахтона дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

260
Барчаспҳо:
заминларза, Тоҷикистон
Пожарный тушит огонь, архивное фото

Сӯхтор дар яке аз анбори мактаб дар шаҳри Душанбе: ВУД гунаҳгорро муайян кард

308
(Таҷдидшуда 13:51 04.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сӯхтор дар бинои навсохтмони мактаб, воқеъ дар квартали 8-уми маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД сӯхтор санаи 4-уми июли соли равон соати 07:45 дақиқа дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии бинои навсохтмони мактаб, воқеъ дар квартали 8-уми маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки сохтмони биноеро, ки дар он сӯхтор ба амал омадааст ширкати “Балх-2015” ба ӯҳда дорад.

“Бо қабули хабар аз тарафи Нуқтаи маркази алоқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса чор адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунӣ ва гурӯҳи хадамоти навбатдори оташнишонии Сарраёсат сафарбар карда шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии бинои навсохтмонро дар масоҳати 20 метри мураббаъ оташ ва дуди ғализ фаро гирифта буд”, - қайд кардааст манбаъ.

ВУД зикр кардааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии оташ ба зуддӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар муддати кӯтоҳ ба пурагӣ хомӯш карда шуд.

“Коршиносони соҳа сабаби сӯхтор пошхӯрии шарораҳо ҳангоми истифодабарии асбоби барқии “Балгарка” буда, гунаҳгори ҳодиса коргари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Балх-2015” Беҳзод Қурбонов мебошад”,- қайд намудааст ВУД Тоҷикистон.

Ҳамзамон манбаъ таъкид кардааст, ки дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст.

Дар ҳоли ҳозир, таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ идома дорад.

 

308
Барчаспҳо:
анбор, ВУД, Душанбе, мактаб, сӯхтор, Вазорати умури дохила, Тоҷикистон

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон