Таркиш дар НФС дар ноҳияи Ёвон 8 захмӣ бар ҷой гузошт- навор аз ҷои ҳодиса

© Sputnik / Кирилл ШипицинМашина пожарной службы
Машина пожарной службы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва гази моеъи ҶДММ "Шералиҷон" дар ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, ки дар паи он 8 кас ҷароҳатдор шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино ба гузориши ВКД, ҳодиса рӯзи 23 июни соли 2020, соати 13:20 ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи риоя нагардидани қоидахои бехатарӣ, ҳангоми холӣ намудани сӯзишворӣ аз дохили автомашинаи интиқолдиҳандаи сузишвории нафтии тамғаи "Дулан", рақами қайди давлатиаш 45 69 ВМ 01 ТҶ, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва гази моеъи ҶДММ "Шералиҷон", воқеъ дар деҳаи А.Навоӣ, ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон, сӯхтор ба амал меояд, ки дар натиҷа оташ ба дигар сарфҳо аз ҷумла зарфи гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна гузашт, ки дар натиҷа таркиш ба амал омадааст.

Автомашинаи интиқолдиҳандаи сузишвории нафтии тамғаи "Дулан" ба ронанда Каримзода Асрорҷони Толиб, 1991 соли таваллуд, тааллуқ доштааст.

Ба ҷойи ҳодиса кормандони Қисми мустақили 29-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳозир шуда, сӯхторро, ки дар масоҳати 60 м2 ташкил медод, бартараф намуданд.

Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи сӯхтор 4 нафар шаҳрвандон ва 4 нафар кормадони хадамоти оташнишонӣ ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштанд.

Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0