Олимон омилҳое, ки хатари марги бармаҳалро зиёд мекунанд, гуфтанд: оилавайронӣ 45%

CC0 / Pixabay / Разбитое зеркало
Разбитое зеркало - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муносибатҳои бад, табъиз ва бесуботии молиявӣ хатари марги барвақтро ҳатто назар ба машғулияти ҷисмонӣ зиёдтар мекунад

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Олимон тадқиқот гузаронданд, ки таъсири омилҳои иҷтимоиро ба дарозии ҳаёти инсон муайян кардааст, хабар медиҳад расонаи New Scientist бо истинод ба мақола дар маҷаллаи PNAS.

Беременная женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб ба рӯи ҳомиладорони гирифтори COVID - 19 баста шуд: куҷо раванд?

Эли Путерман аз Донишгоҳи Бритониёи Колумбия дар Канада ва роҳбари гурӯҳи олимони ИМА ва Канада,  ки таҳқиқотро роҳандозӣ кардааст, борҳо масъалаҳои пиршавӣ, фавт ва таъсири омилҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти инсонро баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи Путерман, омилҳои биологӣ дар саломатии мо нақши муҳим доранд, аммо омилҳои ғайрибиологӣ - рафтор ва таҷрибаи зиндагии мо низ аҳамият доранд.

Олимон ба 13,611 амрикоиҳои калонсоли аз 52 то 104 сола муроҷиат карданд, ки саволномаҳои муфассалро дар бораи ҳаёти худ пур карданд ва сипас саломатии худро дар шаш сол пайгирӣ намуда, таъсири омилҳои биологӣ ва иҷтимоиро қайд карданд.

Натиҷаҳои таҳқиқот олимонро ба ҳайрат оварданд: омилҳои иҷтимоӣ на камтар, балки ба ҷое расидаанд, ки ба дарозумрии одамон таъсир мерасонанд.

Девушка закрывает лицо руками - Sputnik Тоҷикистон
Пул надиҳӣ беобрӯят, мекунам: "шантаж"-и се зани оиладори деҳотӣ аз сӯи як ҷавон-видео

Ҳамин тариқ, ҷудошавӣ имконияти марги бармаҳалро ба 45%, мушкилоти молиявӣ - 36%, бекорӣ - 28%, табъизи нажодӣ - 22% зиёд кардааст.

Ҳамзамон, норозигии рӯҳӣ ва депрессия инчунин ба давомнокии умр таъсир мерасонад ва онро бо эҳтимолияти 31% ва 22% коҳиш медиҳад.

Барои муқоиса, тамокукашӣ хатари марги бармаҳалро 91% (ҳангоми тарки одат - 32%), машрубот - 36% ва ҳангоми набудани фаъолияти ҷисмонӣ - танҳо 14% зиёд мешавад.

Олимон қайд мекунанд, ки эҳтимолан ин вобастагӣ аз сабаби афсурдагӣ дар пайи  мушкилоти иҷтимоӣ зоҳир мешавад. Афсурдагии музмин, ки ин омилҳо ба миён меоранд, метавонанд ба фаъолияти солими системаи масуният, қалбӣ ва системаи ҳозима ва инчунин солимии равонӣ таъсир расонанд.

Лентаи хабарҳо
0