Авария, архивное фото

Садамаи маргбор: ҳалокати мусофир дар натиҷаи чаппа шудани “УАЗ-452”

819
(Таҷдидшуда 13:49 26.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи маргбор дар ҳудуди заминҳои кӯҳсори ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 25-уми июни соли равон, тахминан соати 06:30-дақиқа дар ҳудуди заминҳои кӯҳсори ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рух додааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ронандаи автомашинаи “УАЗ-452” Хӯҷабеков Орифхӯҷа Темурхонович, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди заминҳои кӯҳсори ҷамоати деҳоти Моғиён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи садамаи мазкур мусофири 31-солаи дар дохили мошин буда, Муродхонов Зафар Ёрхуҷаевич, сокини ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Манбаъ зикр намудааст, ки худи ронанда Хуҷабеков О.Т. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

819
Барчаспҳо:
Панҷакент, садама, садамаи маргбор, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

113
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

113

Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар истифодабарандаи интернету симкор аст

107
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, чи қадар аҳолии Тоҷикистон истифодабандагони фаъоли интернет ва телефонҳои мобилӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хададамоти алоқа имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфт,  теъдоди муштариёни мобилии сабтшуда дар Тоҷикистон 7 миллиону 25 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи муштариёни фаъоли мобилӣ дар кишвар 5 миллиону 325 ҳазору 978 нафар мебошанд.

Манбаъ мегӯд, шумораи корбарони интернет дар кишвар, бо назардошти корбарони интернети мобилӣ, 3,18 миллион нафарро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли ҷорӣ шумораи муштариёни ҶСШК “Тоҷиктелеком”,  ки зери назорати Хадамот аст,   276 ҳазору 796 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 9 ҳазору 574 муштарӣ камтар аст.

Илҳомҷон Атоев гуфт,  то 30 июни соли 2020, бақайдгирии сим-кортҳои мобилӣ бо шиносномаҳои баъди (ID-корт) соли 2014 ба 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ расид.

Интиқоди Раҳмон аз интернети суст ва дастур ба Хадамоти алоқа

Ба гуфти ӯ,  ҳоло 2 миллиону 957 ҳазору 293 нафар шахсоне, ки SIM-кортҳо дар шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба сабт шудаанд, то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд.

Ёдовар мешавем, қаблан мӯҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳо то 15 феврали соли 2020 буд ва баъдан пурра то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шуд.

107
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото

"Тоҷик Эйр" шаҳрвандони дармонда дар Кореяро ба Тоҷикистон меорад

0
Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ кардани як парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Сеул - Душанбе дастур додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон 21 июли соли равон  парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Сеул-Душанберо ба нақша гирифтааст. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои пур кардани саволнома аз пайванди  зерин истифода намоянд. 

Вазорати умури хориыии Тоҷикистон таъкид кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.

Инчунин мушаххасоти сафорати Тоҷикистон дар Сеул, аз ҷумла рақамҳои телефон, +82 027922535, +82 1059399339, +82 1059379861 ва почтаи электронии tjkoreaemb@mfa.tj ироа кардааст.

Қаблан парвозҳои махсуси чартерӣ барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Туркия, Аврупо, АМА, Белорусия ва дигар давлатҳо анҷом дода шуданд.

0
Барчаспҳо:
Тоҷик Эйр, бозгашт, парвоз, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон