Қурбонии садамаи нақлиётӣ дар вилояти Маскав. Шаҳрванди Тоҷикистон

Садамаи маргбори ду акаву додари тоҷик дар Русия: навори лаҳзаи мудҳиши садама нашр шуд

4408
Ду ҷавони тоҷикистонӣ, акаву додар - Тоҷиддин ва Маъруф дар пайи садама дар вилояти Маскав ҷон бохтаанд. Навори лаҳзаи садамаи мудҳиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ду ҷавони тоҷикистонӣ, акаву додар дар пайи садамаи нақлиётӣ дар вилояти Маскав ҳалок шудаанд. Тоҷиддин ва Маъруф, ҷавонони тоҷики тақрибан сисола ҳангоми мотосиксаворӣ ба садамаи мудҳиш дучор шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳодиса нашр шудааст.

Тавре дар он дида мешавад, ҷавоне савори мотосикл бо суръати баланд ба худраве дар канори роҳ бармехӯрад.

Тавре яке аз хешовандони қурбониёни ҳодиса менависад, Тоҷиддин ва Маъруф сокинони шаҳри Ҳисор будаанд.

"Худованд раҳмату мағфират гардонад ва ҷояшон Ҷаннат бод. Тоҷиддин ва Маъруф-ду бародар. ҳарду ҳам бароям ҷиян. Бисёр сахт аст, вақте хабари марги якбора ду нафари наздикро мешунавӣ ва он ҳам аз як оила-яке ака дигаре додар. Дар Ҳисор боз як оила мотам дорад. Акнун падару модари пир интизори ҷисми беҷони якбора ду писар, ки кай аз Москав ба инҷо мерасад", - менависад як корбари Фейсбук.

Бо дастрас шудани тафсилоти бештар, ин ҷо нашр хоҳем кард.

4408
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото

Аввал занашро корд зад, сипас худашро: шарҳи ВУД аз бистарӣ шудани ду ҷавон дар беморхона

118
(Таҷдидшуда 14:09 14.07.2020)
Ҷавони муттаҳам ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ соати 1-и шаб, ба манзили падарарӯсаш ба назди ҳамсараш рафта, ҷанҷол намуда, сипас кордкашӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи кордкашӣ дар ноҳияи Кушониёнро, ки дар пайи онр ду ҷавон - зану шавҳар дар беморхона бистарӣ шудаанд, тавзеҳ додаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 13 июл рух додааст.

ВУД менависад, "дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён шаби 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00 ба хонаи падарарусаш рафтааст".

Гуфта мешавад, ӯ бо ҳамсараш, зани 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои муҳими бадани охирон зада, сипас бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои бадани худаш зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Сабаби ин амали ҷвон маълум нест.

Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

118
Арест, архивное фото

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

604
(Таҷдидшуда 18:35 13.07.2020)
Раёсати умури дохилии дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорӣ хабар медиҳанд, ки зани 62 - соларо бо мошинаш пахш намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Бар хабари РВУД дар шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи номаълум, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 21:20 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" зани 62 - соларо пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Водитель совершивший наезд на пешехода
Водитель совершивший наезд на пешехода

Манбаъ меафзояд, ронанда пас аз пахш намудани пиёдагард ӯро фавран ба бемористон интиқол медиҳад ва худат ба самти номаълум ғайб мезанад.

"Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.

Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

604
Барчаспҳо:
акс, ронанда, боздошт
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

0
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

0