Судебный молоток, архивное фото

Ҷаримаи падари 50 сола барои ҳақорати ҳамсар ва духтараш

857
(Таҷдидшуда 17:28 27.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро барои дашноми ҳамсар ва духтараш ҷарима кардааст

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷаримашуда Маъруф Камолови 50 сола падари чор фарзанд, сокини шаҳри Душанбе мебошад.

Ба иттлои манбаъ, номбурда санаи 7 июни соли ҷорӣ тахминан соатҳои 22:30 дақиқа нисбати ҳамсараш Обидова Назира Мамадзоировна ва духтараш Камолова Шукрона Маруфовна, зӯроварии ҷисмонӣ нишон дода, дашномҳои қабеҳи таҳқиромез додааст.

Манбаъ мегӯяд, Маъруф Камолов дар маҷлиси судӣ худашро гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гуфта мешавад, додгоҳ Камолов Маъруфро бо моддаи 93 (1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў мувофиқи ҳамин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 174 (яксаду ҳафтоду чор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кардааст.

857
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мардт 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

0

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

55
(Таҷдидшуда 09:58 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии мқҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр ёфтаанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии “Ритуал” гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муаян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

55