Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов

Раҳмон ҳамтои туркманаш, Ҳоҷӣ Аркадагро бо синни паёмбарӣ табрик кард

829
(Таҷдидшуда 13:03 29.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо 63-юмин солгарди умраш шодбош гуфтаст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Туркманистон 63-солагии президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ҷашн мегирад, ки дар ҷаҳони ислом ин сана ҳамчун синни пайғамбар Муҳаммад (с.а.с) арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад рӯзномаи ҳукуматии русзабон "Нейтральный Туркменистан".

"Имрӯз, пешвои миллат Ҳоҷӣ Аркадаг 63-сола мешавад. Ин сана дар ҷаҳони ислом муқаддас дониста мешавад ва синни Паёмбар аст. Расидан ба ин синну сол шарафи бузург ва саолдат аст", - менависад рӯзнома.

Нашрия як қатор барқияи табрикотӣ аз сарони давлатҳои ҷаҳонро нашр кардааст, ки миёнашон шодбошии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.

Дар баробари президенти Тоҷикистон Бердимуҳаммадовро ҳамчунин Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, президенти Чин Си Ҷинпин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Арманистон Армен Саркисян, президенти Украина Владимир Зеленский, президенти Беларус Александр Лукашенко табрик кардаанд.

Марзҳои Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистон бозгушоӣ мешаванд

Бо фарорасии синни пайғамбарӣ Бердимуҳамедовро, порлумони Туркманистон, ҳукумат ва шахсони масъули дастгоҳи президент низ табрик кардаанд.

Интизор меравад, имрӯз дар Ашқобод ба муносибати зодрӯзи президент консерти идона баргузор шавад, хайрияҳо дода шаванд ва дигар чорабиниҳо баргузор гарданд.

829
Арест, архивное фото

Сокини Душанбе дар ҳолати мастӣ хоҳарбузурги 36 - солаашро кушт

69
(Таҷдидшуда 14:59 09.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 34 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори хоҳарбузурги худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Кормандони милитсия марди 34 - сола, сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 7 - уми июл дар манзили истиқоматии гумонбаршуда рух додааст.

"Номбурда соати 19:30 дақиқа дар хонаи истиқоматияш дар ҳолати мастӣ бо хоҳарбузурги 36 - солаи худ муноқиша карда, 2-маротиба бо дастонаш ба сару рӯи ҷабрдида задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, номбурда қаблан низ тибқи моддаи 224 Кодески ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.

Феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

69
Барчаспҳо:
боздошт, мастӣ, куштор, Тоҷикистон
Сейсмография, архивное фото

Тоҷикистонро заминларзаи 4 - балла такон дод

132
(Таҷдидшуда 13:44 09.07.2020)
Маркази заминларза 165 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе ва 11 километр дуртар аз самти ҷанубии ноҳияи Спитамен ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон субҳи имрӯз замин ларзид, хабар медиҳад California Earthquake Authority.

Бар хабари манбаъ, заминҷунбӣ соати 11:40 дақиқа сурат гирифт. Қувваи ларзиши замин 4,3 дараҷаи Рихтерро ташкил дод.

Гуфта мешавад, маркази заминҷунбӣ ҳудуди 33 километр дуртар аз шаҳри Хуҷанд ва 134 километр дуртар аз шаҳри Тошканд руз додааст.

Алъон гузоришҳо дар мавриди талафоти ҷонӣ ва молӣ рӯи даст нест.

Зилзила дар Бадахшон, барфи аввали Душанбе ва рухдодҳои дигари ҳафта

Манбаъ меафзояд, заминларза бо таҷҳизоти пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ИМА, Русия ва Олмон сабт шудааст.

Ёдовар мешаве, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.

Бино бар иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологии кишвар, 4 июли соли равон, соати 14:52 дар ҳудуди кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд. Маркази он 201 километрии шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод гуфта мешавад.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ, қисман манзилҳои сокинон дар қишлоқи Дараи Нушори ҷамоати қишлоқи Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистони ҷамоати қишлоқи Ширинчашма  ва қишлоқҳои Ғанишобу Сафедоби ҷамоати қишлоқи Қалъаи лаби об қисман зарар диданд.

132
Барчаспҳо:
заминларза, Тоҷикистон
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳнасарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

0
(Таҷдидшуда 15:18 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленеград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

0
Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон