Ножницы на столе

Ҳамлаи пешхизмати 18-сола ба писари тарабхонадори чинӣ дар Душанбе: ҳукм- 12,5 соли зиндон

1322
(Таҷдидшуда 12:51 29.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур пешхизмат Ҳасан Маҳмудови 18-соларо барои роҳзанӣ, ҳамлаи шабона ба кордеҳаш, соҳибкори чинӣ дар тарабхонаи "Ҳулбук"-и Душанбе ба 12,5 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Ба иттилои додгоҳ, Маҳмудов, ки дар тарабхонаи “Ҳулбук” ба ҳайси пешхизмат кор мекардааст, шаби 23 феврали соли равон ба ҳуҷраи иҷорагирандаҳои ин тарабхона ҳамла карда, бо таҳдиди буридани ангуштон телефону пули ҷабрдидаҳо, ҷамъ ба маблағи беш 19 ҳазор сомониро гирифтааст.

Аз ҷабрдидаҳо Сионг Зие  ва падараш Сионг Вей ном бурда шудааст, ки мутаносибан ба маблағи  7 ҳазору 985 ва 11 ҳазору 400 сомонӣ зарари моддӣ дидаанд. Ҳамла замоне рух додааст, ки падар дар Чин қарор доштасту писар дар Душанбе, дар тарабхонаи Ҳулбук будааст.

Ҷабрдида Сионг Вей дар мурофиа изҳор доштааст, ки аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул буда, нахуст дар тарабхонаи “Оли-Сомон”  кор мекард ва соли 2014 тарабхонаи “Ҳулбук”-ро ба иҷора гирифта, ғизоҳои миллии чиниро тайёр мекардааст.

Роҳзанӣ бо таҳдиди буридани ангушт

Ба иттилои ӯ, дар тарабхона 4 пешхизмат, аз ҷумла Ҳасан Маҳмудов кор карда, барои ӯ дар дохили бинои тарабхона ҷои хоб ташкил кардааст.

“Худаш ҳам бошад бо ҳамроҳии писараш дар ошёнаи дуюми тарабхонаи номбурда истиқомат мекардааст. Муносибаташ бо судшаванда хеле нағз будааст, ҳато судшаванда аз ӯ автомашинаашро гирифта, ба шаҳри Ҳисор мерафтааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Соҳибкори чинӣ афзудааст, ки 16 январи соли 2020 ӯ барои ҷашн гирифтани соли нав ба зодгоҳаш ба шаҳри Сичуани Чин рафта, барои писараш дар сандуқи оҳанин пул монд, то дар ҳолатҳои зарурӣ истифода барад.

Дар санаи 23 феврали соли 2020 ба ӯ шабона писараш Сионг Зие аз шаҳри Душанбе занг зада, хабар додааст, ки ҳангоми дар ҳуҷраи хобаш воқеъ дар ошёнаи 2 тарабхонаи “Ҳулбук” хоб буданаш, ба он ҷо пешхизмат бо номи Маҳмудов Ҳасан даромада, нахуст бо корд ва сипас бо қайчӣ таҳдиди буридани ангушт карда, маблағу телефонҳоро гирифтааст.

Пас аз ба Ҷумҳурии Тоқикистон омаданаш ӯ 14 рӯз дар шаҳри Ҳисор дар карантин будааст ва аз аҳволи писараш танҳо бо тариқи телефон бохабар будааст. Ӯ афзудааст, ки то ҳол нафаҳмидааст, ки аз чӣ сабаб бошад судшаванда, ки солҳои зиёд ӯро мешиносад ва ӯ ба судшаванда ҷои кор, ҷои хоб, се вақт хӯрок ва ба маблағи 1000 сомонӣ музди меҳнат таъмин кардааст, нисбати писари ӯ чунин ҷиноят содир кардааст.

Маҳмудов дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор доштаст, ки қисме аз маблағҳои гирифтаашро писари амакияш дар Ҳисор аз ӯ дуздидаасту боқимондаро дар шаҳри Турсунзода дар дискоклуб ва қисми зиёдашро барои раққосаҳо, духтарон ва дар меҳмонхона сарф кардааст

Айбдоршаванда 24 феврал боздошт гардида, аз ӯ 1840 сомонӣ бо як адад телефони мобилии “Хуавей” гирифта шудааст. Ба иттилои додгоҳ, ӯ ба гуноҳаш пурра иқрор буда, аз кардааш сидқан пушаймон шуда, аз ҷабрдидаҳо бахшиш пурсидааст. Аз суд хоҳиш намудааст, ки ҷавонии ӯро ба назар гирифта нисбаташ ҷазои сабуктар таъйин карда шавад.

Додгоҳ дар пайи баррасии қазия қарор кардааст, ки зарари расонда ба ҷабрдидаҳо барқарор карда шаваду судшавандаро барои 12,5 соли равонаи зиндон намудаст.

1322
Барчаспҳо:
ғорат, ҳамла, соҳибкор, Чин, Тоҷикистон
Нурекское водохранилище

Қадрдонии прапоршик Сафаров барои наҷоти духтари ноболиғ

49
(Таҷдидшуда 13:14 11.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки прапоршик Сафаров Анваршо, корманди идораи милиса дар шаҳри Норак, ҳангоми адои хизмат як духтарчаро аз марг наҷот дод

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 8 июли соли равон Сафаров, духтари ноболиғро, ки дар дарёи Вахш дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, наҷот дод. Ин ниҳод аз амали Сафаров тавсиф кард, ки аз худ далериву ҷасурӣ нишон додаст.

Манбаъ афзуд, ки барои қадрдонии корманди милиса дар маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҷамъомади ҳайати шахсӣ доир гардид.

"Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо рафтори шуҷоатмандонаи корманди милитсия Анвар Сафаровро намунаи баланди хизматӣ, садоқат ба касб ва эҳтироми баланд ба мардум арзёбӣ намуда, ӯро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид", - омадааст дар иттилоия.

Сипас аз номи Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар шаҳри Норак подполковники милитсия Саидаҳрор Мирзоев барои нишон додани мардонагиву шуҷоат ва содиқ будан ба савганди хеш ба корманд изҳори сипос намуда, дар фазои тантанавӣ ӯро бо тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ кард. 

ВУД илова намуд, ки инчунин дар назди ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ба прапоршики милитсия Сафаров Анваршо Маҳмадсобирович эълон карда шуд.

49
Барчаспҳо:
наҷотдиҳанда, милиса, размикор, Тоҷикистон
Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

171
(Таҷдидшуда 12:34 11.07.2020)
Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия пешгӯии хушбинонаро барои  барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Парвози хатсайрҳои мусофирбари ба минтақаҳои сайёҳие, ки маъмулан мардуми рус ба он таваҷҷуҳ доранд, дар гумон аст пеш аз  охири моҳи сентябр - октябр барқарор шавад,  гуфт  Мая Ломидзе, директори иҷроияи Анҷумани ташкилотҳои сайёҳии Русия (ATOR) зимни суҳбаташ дар эфири радиои "Говорит Москва".

Мая Ломидзе изҳор доштааст, ки пешгӯии аз ҳама хушбинона авохири моҳи сентябр – октябр хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, дар навбати аввал, интиқол ба ҷойҳои маъмултарини туристӣ дубора барқарор карда мешавад.

Вай илова намуд, ки набояд дар илова ба ҳодисаҳои рухдода асабонияти худро зиёд кард.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар соли 2020 ба ҳеҷ ҷо парвоз нахоҳем кард. Албатта, ин саволест, ки ҳама ҳам сайёҳон ва ҳам соҳаи туризм мепурсанд. Ин як саволи муҳим аст, вақте имконпазир мешавад мо на танҳо шаҳрвандони худро фиристем, балки шаҳрвандони хориҷиро низ қабул мекунем".

Ба гуфтаи вай, бояд дарк кард, ки вазъ хеле зуд тағир меёбад.

Ломидзе ёдовар шуд, ки Хорватия охири моҳи июн боз шуд, дар моҳи май Туркия эълом дошт, ки барои қабули шаҳрвандони Русия омода аст.

"Булғория омодагии худро барои қабули шаҳрвандони Русия эълом кард. Ҳама эҳсос доштанд, ки фавран, агар пагоҳ набошад, пас аз фардо, мо ба баъзе кишварҳо парвозро оғоз хоҳем кард" Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ.

Вай афзуд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон бадтар шавад, маҳдудияти кушодани сарҳадҳо метавонад тамдид ёбад. Бар асоси пешгӯиҳо, равуои байналмилалӣ танҳо дар моҳи декабр дубора барқарор мешавад.

"Ҳоло мо медонем, ки кушодашавии парвозҳо ба ягон минтақаи сайёҳӣ то охиримоҳи июл мӯъҷиза хоҳад буд, ва дар гумон аст. 99 фоиз - не. Август сахт зери суол аст" гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

 

171
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Қарори Ҳукумат: 400 сомонӣ кумакпулӣ ба кӣ ва кай пардохта мешавад

54
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз барои иҷрои фармонаш дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қарори Ҳукуматро имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.

Мақомоти марказӣ муваззаф шудаанд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ворид гардидаанд, бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пешниҳод намоянд.

Вазорати молия дастур гирифтаст, ки барои пардохти кумакпулӣ маблағ ҷудо намояду "Амонатбонк" интиқоли саривақтии маблағҳоро ба кортҳои бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ таъмин намояд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор пешниҳод намояд.

54
Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, Тоҷикистон