Судебный молоток, архивное фото

Ҳукм барои латукӯби гуруҳии 2 тоҷик дар заминаи бадбинии миллӣ пеши тарабхонаи “Бухоро”

1326
(Таҷдидшуда 14:07 29.06.2020)
Додгоҳ дар Русия нафаронеро, ки дар заминаи хусумати миллӣ ба тариқи гуруҳӣ 2 тоҷикро латукӯб кардаанд, аз 5,5 то 6 сол равонаи зиндон кард. Расонаҳои маҳаллӣ аз маҳкумшудаҳо шаҳрвандони Қирғизистон ном бурдаанд

ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи додгоҳи ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Новосибирск, латукӯби 2 тоҷик дар заминаи хусумати миллӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи на камтар аз 10 нафарӣ сурат гирифтааст.

Додгоҳ муайян кардааст, ки Уметалиев Б.К., Торгоев Т.Ж ва афроди шахсияташон номаълум, бо теъдоди умумии на камтар аз 10 нафар, аз 23:00 то 23:30 дақиқаи санаи 29.09.2018 дар пеши тарабхонаи “Бухоро” дар шаҳри Новосибирск дар заминаи хусумати миллӣ бо маслиҳати пешакӣ ва тақсими нақшҳо ду тоҷикро латукӯб кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, бар асари зарба ба сару бадани ҷабрдидаҳо, яке осеби вазнини ҷисмонӣ ва дигаре осеби миёна ба саломатӣ дидааст.

Додгоҳ Уметалиев Б.К-ро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста, ба 5 солу 6 моҳи зиндон ва Торгоев Т.Ж-ро ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Мавқеи ҷабрдидаҳо ва маҳкумшудаҳо дар бораи ин ҳукм феълан маълум нест ва дар сурати дастрас шудани назарашон, он ироаи хонандагон хоҳад шуд.

1326
Барчаспҳо:
латукӯб, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

33
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мардт 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

33

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

103
(Таҷдидшуда 09:58 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии мқҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр ёфтаанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии “Ритуал” гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муаян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

103