Панорама города Худжанд, архивное фото

Қасди худкушии духтари 19-сола дар Суғд: 5-ум аз аввали сол

400
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз наҷоти духтари 19-солае хабар дод, ки мехост даст ба худкушӣ занад

ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Бобоҷони Шафеъ, масъули бахши робита бо ҷомеаи КҲФ дар саҳифааш хабар дод, ки ин духтар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, мехостааст аз болои пули Исмоили Сомонӣ худро ба зер афканад ва худкушӣ кунад.

“Дар суҳбат бо кормандони Раёсат сабаби қасди худкушӣ кардани худро муноқишаи оилавӣ гуфтааст. Аммо ҷузъиёти бештареро аз ин муноқиша шарҳ  надодааст”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Бобоҷони Шафеъ.

Шарҳи худсӯзии Ҳоҷӣ Зариф пеши идораи молия: аз 21,5 ҳазор сомонӣ қарз то таъсири Сovid-19

Манбаъ аз қавли раёсати Кумита дар вилояти Суғд афзуд, ин 5-умин ҳодисаи қасди худкушӣ аз аввали сол аст.

“Се нафари онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд, ки яке ноболиғи 12-сола буд. Як нафар сокини шаҳри Бӯстон ва охирини онҳо, ҳамин ҷавонзан аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки ҷонаш аз марг наҷот дода шуд”, - тавзеҳ дод КҲФ.

400
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

86
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

86

Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар истифодабарандаи интернету симкор аст

97
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, чи қадар аҳолии Тоҷикистон истифодабандагони фаъоли интернет ва телефонҳои мобилӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хададамоти алоқа имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфт,  теъдоди муштариёни мобилии сабтшуда дар Тоҷикистон 7 миллиону 25 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи муштариёни фаъоли мобилӣ дар кишвар 5 миллиону 325 ҳазору 978 нафар мебошанд.

Манбаъ мегӯд, шумораи корбарони интернет дар кишвар, бо назардошти корбарони интернети мобилӣ, 3,18 миллион нафарро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли ҷорӣ шумораи муштариёни ҶСШК “Тоҷиктелеком”,  ки зери назорати Хадамот аст,   276 ҳазору 796 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 9 ҳазору 574 муштарӣ камтар аст.

Илҳомҷон Атоев гуфт,  то 30 июни соли 2020, бақайдгирии сим-кортҳои мобилӣ бо шиносномаҳои баъди (ID-корт) соли 2014 ба 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ расид.

Интиқоди Раҳмон аз интернети суст ва дастур ба Хадамоти алоқа

Ба гуфти ӯ,  ҳоло 2 миллиону 957 ҳазору 293 нафар шахсоне, ки SIM-кортҳо дар шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба сабт шудаанд, то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд.

Ёдовар мешавем, қаблан мӯҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳо то 15 феврали соли 2020 буд ва баъдан пурра то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шуд.

97
Журналисты, архивное фото

Додситонии кул ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳад

0
(Таҷдидшуда 16:14 13.07.2020)
Рӯзи 14 июл чор ниҳоди давлатӣ дар доираи иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи фаъолияташон дар 6 моҳи гузашта иҷозат медиҳанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Додситонии кул, Кумитаи рушди маҳали назди Президент, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз ҷамъбасти фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

 

"Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 11:00 дар Кумитаи мазкур ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух медиҳанд", - хабар дод Ховар.

Манбаъ афзуд, нишастҳои матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 09:00 ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии "Ховар" баргузор мешаванд.

Таъкид шудааст, ки бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Нишастҳои матбуотии роҳбарони идораҳои давлатӣ соле ду бор дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешаванд.

0
Барчаспҳо:
рӯзноманигорон, амри президент, нишасти хабарӣ, Тоҷикистон