Деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи Бадахшон.

Шаби сарди 29 июн: дар Ванҷ чӣ ҳодиса рух дод?

2009
(Таҷдидшуда 12:23 03.07.2020)
Дар пайи барфу сардии бесобиқа ҳудуди 220 чорвои сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон фавтидаву хисороти зиёде ба сокинон ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дониш Идрисов, раиси ҷамоати Ровани ноҳияи Ванҷ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, борони зиёде, ки рӯзи 28 июн оғоз шуд, рӯзҳои 29 ва 30 ба барф табдил ёфт ва ҳарорати ҳаво таҳти сифр рафт.

“Ин барои мардуми ҷамоат, ки ҳар тобистон чорвои худро ба чарогоҳҳо мебаранд, ғайримунтазира буд. Вақте дар чарогоҳҳо барф афтид, бархе натавонистанд саривақт чорвои худро ба деҳот баргардонанд ва дар баландиву сардӣ чорво талаф ёфт”, - гуфт Дониш Идрисов.

Ҷамоати деҳоти Рован бо ҳудуди 5600 сокин дар қисмати болову баландтарини ноҳияи Ванҷ ва поёни пиряхи маъруфи Федченко ҷойгир буда, аз 13 деҳа - Ширговад, Ғиҷоваст, Поймазор, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад ва Дуршер иборат аст.

Сокинони Рован мегӯянд, дар айни гармои тобистон ба барф табдил ёфтани борону пеш омадани чунин як сардӣ аслан тасаввур намешуд ва ин ҳам, ки чорвои майда ба чунин сардӣ тоб наоварда, талаф мешавад.

Ба ҳисоби онҳо, дар пайи ин ҳодиса беш аз 180 чорвои хурди мардум ҳарому ҳалол мурда, 6 сар ҳам аз ин шумул гум шудааст.

“Ҳалолу ҳаром”

Муҳаммад Латифов, сокини деҳаи Ғҷоваст, ки дар пайи ин сардӣ 7 сар гӯсфанди худро аз даст дод, мегӯяд, шахсан шаби сарди 29 июн худро ба девлох (чарогоҳ, айлоқ) расонда, ҳодисаи муриши чорворо ба чашми худ дидааст. Вай афзуд, аз сардӣ хун дар бадани бузу гӯсфандон ях баста, мӯҷиби маргашон мешавад.

“Фақат дар деҳаи мо 100 сар моли майда – бузу гӯсфанд ва як сар гов ҳаром шуд. 9 сар гӯсфандро ҳам шахсан ҳалол кардам. Ба ҳамин қадараш зӯрам расид. 4 сар моли майда низ гум шудааст, ки то ҳол даракашро наёфтаем. Эҳтимолан онҳоро гургҳо бурда бошанд”, - гуфт Муҳаммад Латифов.

Бино ба маълумоти сокинони ҷамоати Рован, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд, деҳаи Ванван дуввумин деҳаест, ки хисороти бештар дидааст. Дар ин деҳа 44 сар бузу гӯсфанд (30 сар ҳарому 14 сар ҳалол) талаф ёфтаанд. Ба ҳамин минвол, дар деҳаи Вишхарвак - 10 (6 сар ҳаром, 4 сар - ҳалол), Рован - 9 (5 – 4), Дуршер - 7 (5 – 2), Шрговад - 5 (2 – 3), Поймазор - 15 (7-8) ва Гармчашма - 14 (8-6 ) сар бузу гӯсфанди сокинон аз даст рафтааст.

Дар деҳаи Ғӯмас низ 5 сар ҳаром мурда, 2 сари дигар ба эҳтимоли зиёд тӯъмаи гургон шудаанд.

Деҳаҳои Мурғутга ва Сунгад аслан хисорот надидаанд. Дар Техарв, яке дигар аз ҷамоати деҳоти ноҳияи Ванҷ, танҳо деҳаи Чхох ҳамин гуна хисоротро мутаҳаммил шудааст. Дар ин деҳа 37 сар бузу гӯсфанд аз сардӣ ҷон доданд ва сокинон тавонистанд фақат 7 сари онҳоро ҳалол кунанд.

Дилшод Қурбоншоев, сокини Чхох, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин деҳа дар наздикии пирях воқеъ буда, сардии шабҳои 28 – 29 июн мардумро дар ғафлат гузоштааст.

“Дар дигар деҳаҳои ҷамоат чунин талафот иттифоқ наафтод, зеро дуртар аз пирях буданд ва ҳам вазъи моро дида, зуд даст ба кор шуданду моли худро ба деҳаҳо фароварданд. Агар чунин намекарданд, онҳо ҳам хисороти зиёд медиданд”, - гуфт Дилшод Қурбоншоев.

Талафот бештар мебуд...

Оё илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ буд? Сокинони ин ду ҷамоати Ванҷ мегӯянд, далели аслии вуқӯъи воқеа ҳамоно сардии ғайримунтазира аст, ки мардумро дар ғафлат гузошт ва ҳам бетаҷрибагии подабонҳои ҷавон аст, ки бо чунин ҳодиса нав рӯбарӯ мешаванд.

Масъуд Ёров, сокини деҳаи Ғҷоваст мегӯяд, ҳар сол дар ин вақт аз пиряхҳо оби бештар меомад ва ин ба он маънист, ки ҳаво барои парвариши чорво дар девлохҳо ё чарогоҳҳо низ мусоид аст.

“Имсол аз пиряхҳо об кам меомад ва мо бояд пешбинӣ мекардем, ки эҳтимоли сард шудани ҳаво вуҷуд дорад. Дуюм, чорвои хурд, бахусус буз, бо вуҷуди фарбеҳӣ ба сардии таҳти сифр тобовар нест. Аз ин хотир, шолаҳо (маконҳои нигаҳдории шабонаи чорво) бояд дар ҷойҳои гарм интихоб шавад”, - гуфт Масъуд Ёров ба Sputnik Тоҷикистон.

Дониш Идрисов, раиси ҷамоати Рован, мегӯяд, ҳамон шабу рӯз мустақим бо раисони деҳаҳо дар тамос буд ва ба ин натиҷа расид, ки як далели пеш омадани чунин хисорот бетаҷрибагии даҳмардаҳои ҷавон аст.

“Масалан, ширкати “Хрустал” 60 сар мол дорад. Подабонаш ҳамон шаби сардӣ дар чор тарафи шола оташ афрӯхта, то саҳар нагузоштааст, ки пода хоб равад, ҳаракат кунад, то намурад. Дар деҳаи Вишхарвак як подабони 60 – сола низ то рӯз нахобида, ин корро кардааст. Аммо подабонҳои дигар деҳаҳо рамаро дар як шолаи танг нигаҳ дошта, коре накарданд ва ин қадар талафот шуд. Ҳадди ақал бояд интернетро медиданд, ки 95% обу ҳаворо дуруст пешгӯӣ мекунад”, - гуфт раиси ҷамоати Рован.

Мавсуф дар посух ба ин суол, ки “оё хисороти мардум аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ҷуброн мешавад?”, гуфт, ҳар касе моли худро суғурта кардааст, кӯмак дарёфт мекунад, дар акси ҳол, пардохти маблағи ин қадар хисорот дар тавони мақомот нест. Бино ба маълумоти сокинони Ванҷ, дар ҳоли ҳозир як сар буз ё гӯсфанд дар бозорҳои минтақа вобаста ба вазну ҳол аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.

2009
Барчаспҳо:
зарар, борон, барфрезӣ, сел, Ванҷ, ВМКБ, Тоҷикистон
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

14
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

14
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор дар Ваҳдат ду кушта ва чор захмӣ барҷой гузошт

201
Мусофирони автомашинаи "Тайота - Королла" зоҳиран аъзои як хонавода буда, ду нафарашон бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногун бистарии беморхона шуда, як пайванди дигарашон ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбори нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 10 - уми август, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Каролла", Шаҳбози Раҷабалии 29 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи "Опел-Атра", таҳти идораи Салимов Хуршеди 42 - сола бархӯрдааст.

Ҳалокати комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар садамаи нақлиётӣ

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа, ронандаи автомашинаи "Тайота-Королла",  Салимов Х. ва мусофирони дар дохили он буда Қурбонова Мавҷудаи 30 - сола, Қурбонова Сафаргули чанд моҳа, сокинони шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, мусофирони дигар, Одинаева Мадинаи 37 - сола ва Қурбонов Сарафрози 14 - сола, сокинони ҳамон ҷо, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

201
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, роҳ, мошин, садамавӣ, Ваҳдат