ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшуда донишҷӯйи бахши якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарализода Давлатҷон Зуҳуршои истиқоматкунандаи ноҳияи Сино мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда бо ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, паҳн кардани аксу рақамҳои телефонҳои мобилӣ ва маълумотҳо оид ба ҳаёти шахсии ду ҷавондухтар бо роҳи тамаъҷӯйӣ аз яке 500 ва аз дигаре 400 сомонӣ гирифтааст.
Сафарализода Давлатҷон зимни бозпурсӣ дар навор мегӯяд, соли 2019 саҳифаи “одноклассники” кушодаю номашро Манижаҷон монда бо як мард ошно шудаву бо рақамҳояш ҳамёни мобилӣ кушодааст.
“Баъдтар инстаграм кушодам ва сурати духтаронро гузоштам ва рақамҳою нархашонро 500 сомонӣ менавиштам”,- мегӯяд Сафарализода Давлатҷон.
Ба гуфти боздоштшуда аксҳоро замоне аз саҳифааш пок мекард, ки духтарон тариқи ҳамёни мобилӣ пули хостаашро мегузарониданд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда маблағҳои ба даст овардаашро дар марказҳои букмекерӣ истифода кардааст.
ВУД мегӯяд нисбат ба боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.
Ин нахустин ҳолати “шантаж”-и занон аз суи ҷавонон набуда, қаблан низ Кормандони пулиси ноҳияи Деваштич аз боздошти як ҷавон хабар доданд ки бо “шантаж”-и ҷавонзанони деҳотӣ аз онҳо пулу наворҳои маҳрамона мегирифтааст.
Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯӣ Раёсати ВКД дар Суғд, Ҷалолзода Сафаралии 25-сола сокини ноҳияи Кӯшониён бо се ҷавонзан, сокинони ноҳияи Деваштич тариқи интеренет шинос шуда, аксу наворҳои маҳрамонаи онҳоро ба даст оварда, баъдан барои ба даст овардани маблағ ҳамчун манбаи даромад истифода кардааст.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса субҳи, 5-март рух додааст.
Аз ин ҳодиса сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Тибқи иттилои КҲФ, дари манзили истиқоматиаш аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.
Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд
Баъди дарёфти хабар, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса расид ва дари шаҳрвандро бо истифода аз воситаҳои техникӣ боз кард.
"Кӯдакони дар хонамонда беосебу саломат ба модарашон супурда шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш низ дар Душанбе ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд. Он замон, ду ноболиғ дар манзили сокини пойтахт дар паси дари баста монда буданд ва низ аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ наҷот ёфтанд.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Кормандони милитсия марди 56 - сола, сокини шаҳри Душанберо боздошт намуданд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилӣ, боздоштшуда ҳанӯз соли 2011 ба боварии сокини 59 - солаи пойтахт даромада, аз ӯ 200 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтааст.
Гуфта мешавад, қарздиҳанда бинобар бемор будан, соли 2013 фавтидааст.
Боздоштшуда бо гузашти 10 сол, маблағи гирифтаро бозпас надодааст, ки аз ин кор фаранди ӯ зарари махсусан калон дидааст.
Дар асоси шикояти писари марди марҳум, қарзгиранда боздошт шуд ва феълан кормандони пулис дар ин самт тафтишот мегузаронанд.
Фиреби тоҷик аз ҷониби ҳамватан дар Маскав: 20 мошинашро гирифтаст
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, боздоштшуда қаблан низ бо моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Чанде пеш, ВУД Тоҷикистон аз қаллобии марди 49 - сола хабар дод, ки ба сокинони ноҳияи Вахш ба маблағи 20000 сомонӣ зарар расонидааст.
ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд" бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.
"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.
Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.
Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.