Сӯхторе, ки дар Панҷакент ҷони бобову келину набераҳоро бурд аз печи барқӣ рух додааст

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСотрудник МЧС во время учений
Сотрудник МЧС во время учений - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти идораи сӯхторнишонии Суғд, сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхторе, ки риштаи умри чаҳор аъзои як хонавода, ду кӯдаки хурдсол ва модару падаркалони онҳоро дар шаҳри Панҷакент ба коми худ кашид, маълум намудаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Ваҳоб Ваҳобзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар вилояти Суғд, гуфт ин ҳодисаи мудҳиш дар манзили Баён Солеҳов, сокини 56 солаи деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент, рух додааст.

Пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтори мудҳиши шабҳангом дар Суғд: чор узви як хонавода ҷон бохтанд

“Сӯхтор, соати 23: 20 дақиқаи шаби 2 ба 3-юми июл аз ҳисоби пайваст будани печи барқии тамғаи “Мечта” ба барқи ошхона сар зада, сипас алангаи он ба пешайвони хона, ки аз масолеҳи пластикӣ сохта шуда буд расида пурра манзили Солеҳовҳоро фаро гирифтааст”, гуфт Ваҳобзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба иттилоъи манбаъ дар вақти сӯхтор Каримова Таҳминаи 23 сола, келини хонадон бо кӯдаконаш Солеҳзода Меҳваршои 4 сола ва Солеҳзода Талабшоҳи 2 сола аз дохили оташ берун баромада натавониста ба ҳалокат расидаанд. Баён Солеҳови 56 сола, худро ба доми оташ зада, хостааст набераҳову келинашро берун кашад, аммо мутаасифона ин имкон даст надода, балки худи ӯ ҳам дар сӯхтор қурбон шудааст.

“Баъди он, ки ки хона аз сӯхтор фуру меравад ва келину набераҳояш дар дохил дар коми оташ мемонанд, Солеҳ Баёнов барои наҷот додани набераҳову келинаш, худро ду дафъа ба оташ мезанад. Аммо аз ин ҳисоб 99 % и баданаш сӯхтаасту бо ин вазъ ба шуъбаи эҳёи Беморхонаи шаҳри Панҷакент бистарӣ карда шуда, аз ҳисоби ҷароҳатҳои зиёд як рӯз баъд ӯ ҳам вафот мекунад", - гуфт Ваҳобзода.

Ин масъули Раёсати сӯхторнишонии вилояти Суғд гуфт, хонаи Солеҳовҳо воқеъ дар деҳаи Баҳори ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ ҳудуди 30 километр аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, ки то ҳозир шудан ба маҳалли сӯхтор вақташон дар роҳ сарф шудааст. Зимнан мақомот, инро дувумин ҳодисаи пурқурбонии сӯхтор давоми шаш моҳи соли ҷорӣ арзёбӣ мекунанд.

Сотрудник МЧС во время учений  - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор дар корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон: ба корхона хисороти калон овард

Шаби 25-уми феврал як чунин ҳодисаи фоҷиабори сӯхтор дар манзили Раҷабовҳо, сокинони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода буд, ки ба асари он Абдумавлон Раҷабови 28 -сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25 -сола ва ду кӯдаки онҳо Сафияи 4 - сола ва бародараш Кабирҷони 3 - сола дар хона ба ҳалокат расиданд.

Он замон дар шарҳи ин ҳодисаи мудҳиш мақомот таъкид намуда буданд, ки "сӯхтор аз сабаби аз меъёр зиёд тафсидани печкаи равғанӣ рух додааст”.

Мақомот мегӯянд, аксар ҳодисаҳои сӯхтор дар пайи риоя нашудани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ ва ё камаҳамиятии сокинон ба асбобу таҳҷизотҳои барқӣ сар мезананд.

Бино ба иттилоъи РХДО Суғд аз оғози сол то ба имрӯз 184 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 12 нафар фавтида ва беш аз 2 милион сомонӣ хисорот ҳисоб карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0