Сгоревшая машина

Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд : ду роҳгузар ҳалок ва як тан бистарӣ шуд

443
(Таҷдидшуда 13:20 13.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз садамаи нақлиётие дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ хабар медиҳад, ки дар паи он ду роҳгузар ҷон бохта як тани дигар дар ҳолати вазнин бистарӣ гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба гузориши КҲФ, ин ҳодисаи мудҳиш зӯҳри рӯзи 11-июли соли равон дар километри 172-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ рух дод.

Ронандаи 32-солаи худрави тамғаи Hyundai Солярис аз уҳдаи идораи мошин набаромада се раҳгузарро дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд пахш кард. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд. Сабаби садамаи маргбор дақиқ маълум нест.

Дар хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки ронанда сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб Далер Исмоилов буда, дар ин садама аслан осеб надидааст. 

"Бар асари ҳодиса ду пиёдагарди канори роҳ, ки яке сокини 36-солаи ҷамоати деҳоти Оқтеппаи ноҳияи Спитамен Ғолибҷон Хоҷаматов ва дуюмӣ ҷавони 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ Муҳаммадкарим Ҷумъаев буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар хабарнома.  

Манбаъ афзуда, ки сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров Тоҳирҷон Шарифов дар айни замон дар шуъбаи эҳёи бемористон ноҳияи Шаҳристон бистарист ва духтурон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ кардаанд.

443
Барчаспҳо:
ҳалокат, садамаи наклиётӣ, Хуҷанд, Душанбе, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

Кор дар мақомоти низомӣ бар ивази 1700 доллар: Суд корманди қалбакии мақомотро ҷазо дод

394
(Таҷдидшуда 17:53 24.09.2020)
Суди шаҳри Хуҷанд нисбати Алиҷон Кенҷаев, сокини 36 солаи шаҳри Хуҷанд, ки барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ҷавобгар дониста мешуд, ҷазо таъйин кард

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Кенҷаев Алиҷон Ҳасанович, зодаи ноҳияи Деваштич, сокини шаҳри Хуҷанд буда, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонда, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, бо ваъдаи ба кор таъмин намудан дар сохтори низомӣ даст ба қаллобӣ задааст.

Дар мурофияи кушоди судӣ, ки зери роҳбарии раисикунанда Акмалҷон Савриддинзода дар Суди шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, таъкид шуд, ки судшаванда Кенҷаев дар ду ҳолат даст ба мардумфиребӣ задааст.

“Маротибаи аввал ӯ моҳи январи соли 2018, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо ваъдаи ба кор таъмин намудан дар сохтори интизомӣ аз як нафар сокини шаҳри Хуҷанд 1700 доллари амрикоӣ талаб карда, даҳ ҳазор сомонӣ муодили як ҳазор доллари амрикоӣ пешпардохт гирифта, боқимонда маблағро то баъди иҷрои кор мавқуф гузоштааст. Аммо то он замоне, ки ҷабрдида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накард, Кенҷаев пулро ба манфияти шахсӣ истифода бурда, барнагардонидааст” - гуфта шудааст дар мурофияи судӣ.

Ҳолати дигари қаллобиро судшаванда моҳи апрели соли ҷорӣ содир намудааст. Кенҷаев бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Истаравшан даромада бо баҳонаи супоридани маблағи шартномаи таҳсил 3300 сомонӣ ва роҳ ёфтан ба имтиҳон 300 сомонӣ дар маҷмӯъ 3600 сомонии охиронро ба даст оварда ва дар ҳолати мазкур худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардааст.

Дар ҷараёни маҷлиси судӣ маълум шудааст, ки Кенҷаев, корманди мақомот набуда, як даъфа дар соли 2018 бо ҷурми содир кардани ҷинояти қаллобӣ суд шудааст.

Дар асоси далелҳои зимни тафтиши пешакӣ ошкор гардида суди шаҳри Хуҷанд нисбати Алиҷон Кенҷаев дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ тибқи моддаи 247 қисми 3 банди “а” гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 920 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 53 ҳазору 360 сомонӣ ба фоидаи давлат ва бе маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои муайян ҷазо таъйин намудааст.

Дар мурофияи судӣ гуфта шудааст, ки дар сурати саривақт пардохт нашудани мабрағи ҷарима, ҷазо маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати судшаванда татбиқ карда мешавад.

394
Барчаспҳо:
низомӣ, ҷиноят, мақомот, суд, Хуҷанд, Тоҷикистон
Рахматилло Зоиров, глава СДПТ

Раҳматилло Зойировро боз кӯфтанд: "беҳуш будам, аммо касе ба кумакам наомад"

994
(Таҷдидшуда 14:40 24.09.2020)
Раиси Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мегӯяд, дар назди манзили зисташ, ӯро ашхоси номаълум мавриди латукӯб қарор доданд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раҳматилло Зойиров дар сафҳаи Фейсбукии худ аз ҳамлаи навбатии ашхоси номаълум ба ӯ хабар дод.

Ба навиштаи Зойиров, ҳамлаи навбатӣ рӯзи 22 - уми сентябр , тақрибан соати 18:20 дақиқа, дар 20 метр дуртар аз хонаи истиқоматияш сурат гирифт.

Раиси Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон мегӯяд, он замон аз сафари минтақаҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ бо маълумотҳои иборат аз тақаллубкории роҳбарони навоҳӣ ва шаҳрҳо баргашта буд.

Ду ҷавонмарди номаълум аз қафо ба ӯ ҳамла намуданд.

Ба нигоштаи Зойиров, "яке аз онҳо ду зарба аз қафо зад: аввал ба чизи кунд ба сар, баъд ба чашми рост ва қисми чашми косахонаи сар аз паҳлӯ, дуюмӣ маро бо тамоми қувват ба ҷӯйбор тела дод, вақте афтодам, китфи чапам ба девори ҷӯйбор зад, сипас бо зону ба замин афтодам".

Раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ иштирок намекунад

Сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, чанд лаҳза беҳуш буд, аммо касе ба кумаки ӯ наомадааст. Чун манзили зисташ аз ҷойи ҳодиса дур набуд, худаш чорғовак карда, базӯр ба хона расидаст.

Дар идома Зойиров гуфтааст, ки ҷароҳатҳояшро дору кардааст ва баъди ду рӯз аз бистар хестаасту ҳоло ин хабарро нашр кардааст.

994
Барчаспҳо:
Раҳматилло Зойиров, ҳамла

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия