ДТП, архивное фото

Ду садамаи маргбор: яке ба канори роҳ бархӯрду дигаре аз мошин ғалтид

290
(Таҷдидшуда 13:43 13.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар медиҳад, ки дар натиҷа ҷавони 30 - сола ва навраси 17 - сола ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Садамаи аввал рӯзи 11-уми июл, тахминан соати 4:30-дақиқа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух дод.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ронандаи 30 - солаи автомашинаи тамғаи "Хафей-Таенен" Раҳимов Сунатулло ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Гулистон, воқеъ дар наздикии хонаи истиқоматиаш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархурдааст. 

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид.

Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Ҳамчунин дар шаҳри Ҳисор низ як садамаи дигари нақлиётӣ рух дод.

Манбаъ меафзояд, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 20:40-дақиқа автомашинаи тамғаи "Газел", таҳти идораи Абдуллоев Садриддин Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри мазкур, мусофири автомашина, Ашуров Шерзод сокини деҳоти Ҳисор аз беэҳтиётӣ ба замин афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, навраси 17 - сола дар беморхона ба ҳалокат расид.

Феълан, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

290
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, нақлиёт, садама
Место крушения самолета АН-28

Суқути ҳавопаймои низомӣ дар Харков ва ҳалокати 22 тан - навор аз ҷои ҳодиса

486
(Таҷдидшуда 15:38 26.09.2020)
Ду нафар дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш зинда монданд. Аҳволи яке вахим арзёбӣ мешавад. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳастанд

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар вилояти Харкови Украина ҳавопаймоии низомии Ан-26 бо 28 нафар мусофир суқут кард, хабар медиҳад РИА Новости.

​Муовини вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко дар саҳифааш дар Facebook ҳалокати 22 танро тасдиқ кард.

"Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд. Ду нафар аз наҷотёфтаҳоро бо аҳволи вазнин ба бемористон (яке дар ҳолати бад қарор дорад) интиқол доданд. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳастанд", — навиштааст ӯ.

Тақдири чаҳор тани дигар то ҳол номаълум аст.

486
Барчаспҳо:
ҳалокат, Харков, ҳавопаймо, суқут
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

6078
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

6078
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Раъно Насриддинова, духтараки панҷакентие, ки Президентро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт

Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт

0
(Таҷдидшуда 17:06 26.09.2020)
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 и мактаби № 28 и шаҳри Панҷакент дар озмуни вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиби мутлақ гардида, 28 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Насриддинова ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Фирдавс Ашӯрматов, котиби кумитаи тадорукоти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, озмун дирӯз аз рӯи 5 бахш ё номинатсия дар Мактаби президентӣ воқеъ дар шаҳри Бӯстон ҷамбаст шуд.

“Раъно Насриддинова нахуст дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон иштирок карда ғолиби ҷои аввал дониста шуда, бо гирифтани 8 ҳазор сомонӣ мушарраф шуд. Баъдан бо ҷамъи ғолибони ҷои якуми бахшҳои дигар барои шоҳҷоизаи озмун сабқат намуда пирӯз гардида 20 ҳазор сомонии шоҳҷоизаро низ ба даст овард. Воқеан дониши фаррох дорад ва аз ҷамъи иштирокчиён ин бартариаш барало эҳсос мешуд”, - таъкид намуд Ашӯрматов.

Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 и мактаби № 28 и шаҳри Панҷакент аст, ки зимни сафари ахири Президент ба шаҳри Панҷакент баромад кард. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз маҳорати баланди шеъру суханварии ин духтараки панҷакентӣ ситоиш карда, ӯро тимсоли “Фарзонаи 2” номид.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

 Шоҳҷоизаро ба Насриддинова, Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон тақдим намудааст. Бино ба иттилоъи котиби кумитаи тадорукот дар панҷ номинатсияи озмун: аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик ва номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи довталабони шоирӣ, теъдоди зиёди хонандагони макотиби Суғд ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок варзида ғолибон бо нишон додани маҳорати худ соҳиби диплом ва аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ шудаанд.

Аз ҷамъи иштирокдорон 82 нафар барои ба даври чаҳорум ва ё ниҳоии озмун, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳ ёфтаанд.

Қарори озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” моҳи феврали соли 2019 ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.

Ин озмун дар саросари Тоҷикистон дар чаҳор давр ё марҳила, ибтидо дар маркази шаҳрак деҳот, даври дуюм дар маркази шаҳр, ё ноҳия, марҳилаи сеюм дар маркази вилоятҳо ва даври чорум ё ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ниҳоии озмун аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи шоҳҷоиза бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад.

0
Барчаспҳо:
хонанда, сомонӣ, ғолиб, озмун, Панҷакент, Тоҷикистон