Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар истифодабарандаи интернету симкорт ҳаст

332
(Таҷдидшуда 18:11 13.07.2020)
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, чи қадар аҳолии Тоҷикистон истифодабандагони фаъоли интернет ва телефонҳои мобилӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хададамоти алоқа имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфт,  теъдоди муштариёни мобилии сабтшуда дар Тоҷикистон 7 миллиону 25 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи муштариёни фаъоли мобилӣ дар кишвар 5 миллиону 325 ҳазору 978 нафар мебошанд.

Манбаъ мегӯд, шумораи корбарони интернет дар кишвар, бо назардошти корбарони интернети мобилӣ, 3,18 миллион нафарро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли ҷорӣ шумораи муштариёни ҶСШК “Тоҷиктелеком”,  ки зери назорати Хадамот аст,   276 ҳазору 796 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 9 ҳазору 574 муштарӣ камтар аст.

Илҳомҷон Атоев гуфт,  то 30 июни соли 2020, бақайдгирии сим-кортҳои мобилӣ бо шиносномаҳои баъди (ID-корт) соли 2014 ба 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ расид.

Интиқоди Раҳмон аз интернети суст ва дастур ба Хадамоти алоқа

Ба гуфти ӯ,  ҳоло 2 миллиону 957 ҳазору 293 нафар шахсоне, ки SIM-кортҳо дар шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба сабт шудаанд, то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд.

Ёдовар мешавем, қаблан мӯҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳо то 15 феврали соли 2020 буд ва баъдан пурра то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шуд.

332
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

190
(Таҷдидшуда 17:48 25.09.2020)
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки медаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

190
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Даъвати Рустами Эмомалӣ аз сокинон барои шинонидани лоақал як дарахти ҳамешасабз

98
(Таҷдидшуда 14:10 25.09.2020)
Рустами Эмомалӣ,  раиси шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овардааст, ки дар сабзгардонии пойтахт саҳмгузор бошанд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ ин нуктаро зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум изҳор доштааст.


Ба иттилои манбаъ, вобаста ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват кард, ки барои ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасбз саҳмгузор бошанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон шаҳрдори Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо  дастурҳои мушахахас дод.

“Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд”,-афзудааст, манбаъ.

Ҳамзамон дар ҷаласа Рустами Эмомалӣ, ба масъалаи хизматрасониҳои нақлиёт ва гузариш ба низоми пардохти эллектронӣ барои воситаҳои нақлиёт дахл карда ба масъулин дар ин самт супориш додааст.

98
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон