Аз пневмония фавтиданд: дар Суғд ягон марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

409
Дар вилояти Суғд намояндагони Идораи сабти асноди ҳолати маҳаллӣ дар бораи омори нимсолаи фавт дар ин минтақа гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Дар нишасти матбуотии Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд омори фавт дар минтақа эълон карда шуд, иттилоъ медиҳад, хабаргузории SugdNews.

Ба иттилои ин ниҳод,  дар маҷмӯъ, давоми 6 моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд 6063 фавт сабт шудааст.

Илова бар ин, дар муқоиса бо соли гузашта, фавт дар минтақа 285 ҳолат зиёд шудааст.

Намояндагони мақомоти давлатӣ гуфтанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолатҳои фавтидагон аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Чор корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия олудаи коронавирус шуданд

Ҳамзамон, 109 нафар аз "бемории дилу шуш" ва 203 нафари дигар аз пневмония фавтиданд.

409
Конверт с деньгами, архивное фото

Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард

1932
(Таҷдидшуда 19:25 28.11.2020)
Ожонсии зидди фасод аз боздошти мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 23 - и шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Кормандони Ожонси зидди фасод, Сафарова Латофат Саъдиевнаро боздошт намуданд, ки дар фиреби як зан муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор мекард.

Ӯ бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49 ҳазору 300 сомониро талаб карда гирифта буд.

Ятимов боздошт шуд: замин ваъда доду беш аз 1 миллион сомонии 6 корафтодаро азхуд кард

Манбаъ меафзояд, Сафарова маблағи мазкурро гирифта ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.

Ҳоло нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст.

1932
Барчаспҳо:
пора, боздошт, мудир
Баховаддин Баходурзода, исполняющий обязанности председателя города Исфара

Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад

471
(Таҷдидшуда 10:10 29.11.2020)
Шаҳрдори нави Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, дуввумин рӯзи кории худро бо боздиду шиносоӣ ва санҷиши раванди корҳои сохтмониву омӯзиши мушкилоти иҷтимоии сокинони ҷамоат ва вохӯриву мулоқотҳо бо мардуми деҳоти Ворух гузаронидааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешавев, Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот гуфтааст, Ворух мариди таваҷҷуҳи махсуси раҳбарияти кишвар аст.

Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфтааст, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронид.

Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қабалан рабудашуда гуфтугӯ кардааст.

Таъмиру азнавсозии қитъаҳои муайяни ноободи роҳи Исфара-Ворух, ҳуҷҷатгузории қитъаи азнавсозишудаистодаи кӯчаи ҳамшафати кӯдакистони деҳа, бунёди корхоҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳа, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳрӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу муроҷиатҳои ворухиён, таъсис бахши идораи нотариалӣ дар деҳаи Ворух бо мақсади хотима додани сарсониҳои мардум ба марказ низ аз масоили гуфтугӯи шаҳрдор бо сокинон будааст.

Аз оҳангарию боғдорӣ то оши девзираи Исфара: филми “Чоркӯҳ” намоиш дода шуд

Манбаъ мегӯяд, азбаски  Баҳоваддин Баҳодурзода қаблан дар вазифаи муовнии раиси вилоят буду бо вазъи ин минтақа огоҳ аст, ворухиён умед доранд ба мукилоташон расидагӣ мекунад.

Минтақаҳои Ворух ва Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон дар марз бо Қирғистон қарор дорад, ки аз ҳисоби заминҳои тақсимношуда сари ҷанд муддат ихтилофоте сар мезанад ва ҳатто кор то тиркушоӣ мерасад.

Об, роҳ, замин: мушкилоте, ки сокинони Чоркӯҳ аз Аҳмадзода тақозои ҳаллашро мекунанд

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80–и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.

471
Барчаспҳо:
мулоқот, раис, Ворух, Исфара, Суғд, Тоҷикистон

Бадтар аз коронавирус: пизишки рус эмидемияи нави мудҳишеро пешбинӣ мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:08 29.11.2020)
Доктор Александр Мясников, пизишки номии рус эпидемияи мудҳишеро, ки бадтар аз коронавирус хоҳад буду ҷони нафарони зиёдеро хоҳад бурд, пешбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба ҷаҳон хатари эпидемияи нави ҷиддие, ки қурбониёни зиёде хоҳад дошт, таҳдид мекунад, пешбинӣ мекунад пизишк Александр Мясников, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи вай, ҳамагирии навбатӣ бадтар аз коронавирус хоҳад буд.

Дар робита бо ин, ӯ даъват кардааст, ки як васкини универсалӣ таҳия шавад.

"Масъалан, ваксинаи универсалӣ аз зуком - ба мо маҳз он (эпидемияи зуком - идора) - зукоми хук ё парранда таҳдид мекунад. Тавре вирусшиносҳо менависанд: эпидемияи ҷиддӣ бо мутатсия шудани вирусҳои мову ҳайвон таҳдид мекнунад", - гуфтааст доктор Мясников.

Ба гуфтаи вай, мутатсияи аввал ин гузаштани вирус аз ҳайвон ба инсон ва сипас аз инсон ба инсон мебошад.

Вай афзуд, ки барои коркарди ваксин вақти зиёде талаб мешавад.

Агар ин вирус зуҳур кунад, марг аз он то 40 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки то пайдо шудани ваксина аз он даҳҳо миллион нафар мемиранд.

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

Ӯ даъват кардааст, ки тамоми олимони ҷаҳон қувваашонро сарф намудаву маблағи зиёде сармоя карда, ин ваксинро бояд сохт.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон