Автомобиль после ДТП, архивное фото

Садамаи марговар дар ноҳияи Ашт: ронанда мошинро чаппа кард

288
(Таҷдидшуда 11:21 17.07.2020)
Ронандаи 25 - сола аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада мошинашро чаппа кард, ки дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи маргбор дар ноҳияи Ашт хабар медиҳад.

Ба иттилои котиботи ВУД, садама рӯзи 16-уми июли соли 2020, тахминан соати 18:00-дақиқа  дар 8 - ум километри роҳи мошингарди деҳаи Ошоба рух дод.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

Манбаъ меафзояд, ронандаи 25 - солаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", Омончаев Зуфарҷон Обидҷонович, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада автомашинаро чаппа кардааст.

"Дар натиҷа худи ронанда Омончаев ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалокат расидааст", - таъкид мешавад дар хабар

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

288
Барчаспҳо:
ҳалок, ронанда, мошин, садама, Ашт
Таджикские денежные знаки Сомони

Боздошту парванда алайҳи раҳбари ҶДММ “Раҳим” барои азхудсозии наздики 1 миллион сомонӣ

224
(Таҷдидшуда 09:59 24.11.2020)
Прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба Ахмедов Ҷумахон Субҳонович. раҳбари корхонаи ҶДММ “Раҳим” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки ба азонихудкунии маблағҳои давлатӣ муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Аз прокуратураи шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Ахмедов Ҷумахон ба азхудсозии наздики як миллион сомонӣ маблағои давлатӣ айбдор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда соли 2018 раҳбари ҶДММ “Раҳим” таъйин шуда, бо истифода аз мақомҳои хизматияш даст ба исрофкориву азонихудсозии маблағҳо задааст.

Манбаъ мегӯяд,  ҶДММ “Раҳим” аз корхонаҳое мебошад, ки ба сохтмон ва таъмири биноҳо машғул буда, аз санаи 26 июни соли 2019 то 12 декабри ҳамон сол барои таъмири Маркази саломатии шаҳри Исфара, Марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, деҳаи Сурх ва шаҳраки Нафтобод 1008341 гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар асоси ченаки назоратӣ муаян карда шуд, ки номбурда ба маблағи 123950 сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом дода, боқимонда 884388 ҳазор сомониро азони худ ва исрофкорӣ карда, ба буҷаи давлат зарари калон ворид кардааст.

Боздошти котиби суди шаҳри Исфара: пора талаб кардааст

Ба гумонбарии исрофкорӣ ва азонихудкунии маблағҳои буҷа Ахмедов Ҷумахон Субҳонович раҳбари корхонаи ҶДММ “Раҳим”  боздошт ва нисбат бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.


224
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, Исфара, Суғд, Тоҷикистон
Собака, архивное фото

Наҷоти саг аз чоҳ дар Душанбе

141
(Таҷдидшуда 21:46 22.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сагеро наҷот доданд, ки дар чоҳ афтид

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд, хабар дод Раёсати КҲФ дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт иттифоқ афтодааст.

“Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфт, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад”, - омадааст дар иттилоия. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, вазъро арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои котиботи КҲФ, маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти Alpine истифода кард.

“Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд. Чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард”, - таъкид кард манбаъ.

КҲФ илова намуд, ки саги афтода ба чоҳ солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.

141
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, Тоҷикистон
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ бо нахустин сафари расмӣ вориди Маскав шуд

303
(Таҷдидшуда 10:33 24.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо як сафари расмӣ озими Маскав шуд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи дафтари матбуотии дастгоҳи Маҷлиси миллии, сафари расмии Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз ба Русия сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Номбурда гуфт, дар фурудгоҳи "Внуково-2"-и шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Умаханов И.М. ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Ин нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав аст.

Рустами Эмомалӣ ва Иноятов дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

Барнома ва ҳадафҳои дақиқи сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав ҳанӯз эълон нашудаанд.

Як сол қабл, Рустами Эмомалӣ нахустин сафари расмии худро ба Узбакистон анҷом дода буд.

 

303
Барчаспҳо:
сафари расмӣ, Русия, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон