Подписание договора, архивное фото

Раҳмон гуфт, раисони шаҳру навоҳӣ чи қадар қарори ғайриқонунии тақсими замин баровардаанд

629
(Таҷдидшуда 08:53 19.07.2020)
Дар шаш моҳи аввали соли равон 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз гардида, нафарони қонуншикан ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар ин бора прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш итиилоъ дода, гуфт, дар ин самт 2219 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд.

“Инчунин  беш аз 6286 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ ғасбшуда  ба ҳолати аввал баргардонида шудаанд”,-афзуд прокурори генеразӣ.

Номбурда гуфт,  зиёда аз 600 қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин дар асоси эътирозҳои прокурорӣ бекор кардаанд.

“Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ, ки ба ғайриқонунӣ тақсим кардани замин даст доштанд, ба ҷавобгарии дахлдор кашида шуданд. Зарари расида аз ин ҷиноятҳо 1,6 млн сомониро ташкил медод, ки он барқарор карда шу”, — илова кард Прокурори генералӣ.

Ин изҳороти Прокуратураи генералӣ дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ низ гуфт, дар шаш моҳ 6697 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи заминро ошкор ва ҷиҳати рафъи онҳо нисбат ба 6611 тан даъвоҳои судӣ пешниҳод шуд.

Боздошти як раиси ҷамоат дар Хатлон бо иттиҳоми фурӯши замин

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи гуфт, ки бар асоси 6156 даъвои судӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва дар ҳаҷми 2 940 763 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки аз он маблағи 2 348.439 сомонӣ (80%) ба суратҳисоби махсуси давлат интиқол ёфтааст.

629
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

170
(Таҷдидшуда 17:48 25.09.2020)
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки медаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

170
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Даъвати Рустами Эмомалӣ аз сокинон барои шинонидани лоақал як дарахти ҳамешасабз

97
(Таҷдидшуда 14:10 25.09.2020)
Рустами Эмомалӣ,  раиси шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овардааст, ки дар сабзгардонии пойтахт саҳмгузор бошанд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ ин нуктаро зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум изҳор доштааст.


Ба иттилои манбаъ, вобаста ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват кард, ки барои ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасбз саҳмгузор бошанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон шаҳрдори Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо  дастурҳои мушахахас дод.

“Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд”,-афзудааст, манбаъ.

Ҳамзамон дар ҷаласа Рустами Эмомалӣ, ба масъалаи хизматрасониҳои нақлиёт ва гузариш ба низоми пардохти эллектронӣ барои воситаҳои нақлиёт дахл карда ба масъулин дар ин самт супориш додааст.

97
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон