Бандишозода: сокини Хуросон баъди латтукӯби корманди пулис худро аз ошёнаи дуюм партофт

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситони вилояти Хатлон қазияи боздошт ва латукӯби Маҳмадмумин Муминов як сокини ноҳияи Хуросонро аз суи маъмури пулиси ин минтақа шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, нисбат ба майори милитсия Исломбек Забирзода, корманди пулиси барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифодаи зӯроварӣ, дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба прокурор ва боздошти ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ  боз кардааст.

Подростки - Sputnik Тоҷикистон
Додситонӣ: қонуншикании ноболиғон кам шудааст

Тибқи иттилои манбаъ, Исломбек Забирзода санаи 23 апрел тахминан соати 22:30 дақиқа бо гумонбарии тасарруфии молу амволи ғайр шаҳрванди ноҳия Маҳмадмумин Муминов ба ШВКД оварда пас аз ду соат дар бевақтии шаб, соати 23:30 дақиқа ғайриқонунӣ бе иштироки холисон ба хонаи Муминов рафта аз он ҷой ашёҳо, аз қабили болгарка, мошинаи дарздӯзӣ, асбобҳои кафшергарӣ ва ғайраро гирифта ба ШВКД меорад.

Бандишозода  гуфт бар замми ин корманди пулис  Муминовро ғайриқонунӣ дар утоқи корияш аз озодӣ маҳрум мекунад  ва барои он ки ӯ ҷинояти содиршударо ба гардан намегирад, мавриди латукӯб ва муносибати бераҳмона қарор медиҳад.

“Ин боис мешавад, ки санаи 24 апрел наздики нисфирӯзӣ ҷавон ба шиканҷаву зӯроварӣ ва таҳдиду дигар ҳарактҳои Забирзода тоб наоварда Бандишозода аз ошёнаи дуввуми ШВКД худро ба замин мепартояд, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст”,-афзуд муовини прокурор.

Номбурда гуфт, ин масъала зери назорати ҷиддии прокуророн қарор дошта, Исломбек Забирзода ҳоло дар ҳабси пешакӣ буда, парвандааш ба қарибӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.

Лентаи хабарҳо
0