Сӯхтор дар бозори “Деҳқон” дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе- видео

© Sputnik / Кирилл ШипицинМашина пожарной службы
Машина пожарной службы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби гузашта дар бозори “Деҳқон”, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад

ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон  сӯхтор тақрибан соати 00:40 дақиқа сар зада, зиёда аз 100 метри мураббаъ майдони савдоро фаро гирифт.

Гуфта мешавад, барои хомӯш намудани сӯхтор, ки зиёда аз 100 метри мураббаъ майдони савдоро фаро гирифтаааст, наздики 10 дастаи оташнишонон ба ҷой ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати ним соат сӯхторро хомӯш ва манбаъҳои сар задани онро безарар гардонидаанд.

Ҳамзамон, манбаъ қайд кардааст, ки касе дар ин сӯхтор осеб надидааст ва зиёни расида ба бозор дар рӯзҳои наздик муайян карда мешавад.

Инчунин Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид доштанд, ки мутахассисони ин ниҳод ба ошкор намудани сабабҳои сар задани сӯхтор машғуланд.

Ёдрас мешавем, ки дар ин бозор асосан ба таври яклухт сабзавоту мева фурӯхта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0