Тонущий человек, архивное фото

Беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ: ҷавони 19 - сола дар Исфара ғарқ шуд

240
(Таҷдидшуда 18:41 23.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як ҳолати дигари ғарқшавии ҷавони 19 - сола хабар дод, ки аз беэҳтиётӣ зери об рафтааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар Исфара ҷавони 22 - сола аснои оббозӣ ғарқ шуд, хабар медиҳад КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 22 - юми июл рух додааст.

"Ин ҷавон дар дарёи Исфара, дақиқан дар мавзеъи зиёратгоҳи Мазори Хоҷа Абдуллои Сурхи ҷамоати деҳоти Шаҳрак ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, соати 12:30 дақиқа ҷасади шаҳрванд аз мавзеъи деҳаи Яккачинор, ҷамоати деҳоти Хонаобод аз об берун оварда шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ғарқшудаҳо дар Душанбе ва ВМКБ: ҷасади ду тан пайдо шуду ҷустуҷӯи дигаре идома дорад

Сабаби марги ҷавон беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 34 нафар дар об ғарқ шудаанд, ки 16 нафари онҳо ҷавонони аз 17 то 35 - сола мебошанд.

240
Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, ҷавон, Исфара
Руки в наручниках, архивное фото

Зани ҷавон бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шуд

198
(Таҷдидшуда 14:10 20.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкоршавии як ҳолати ташкили фоҳишахона дар вилояти Суғд хабар додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дастгир карда шуд.

Манбаъ афзудааст, ки дастгиршуда барои ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона гумонбар мебошад.

"Номбурда, 12-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:00, дар хонаи истиқоматиаш ба зан ва марди 34-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД изҳор доштааст, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе

Қаблан мақомоти Тоҷикистон ҷазо барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобиро сангинтар карданд.

Барои ин ҷиноёт ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тағйирот, ба афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

198
Барчаспҳо:
дастгир, боздошт, Тоҷикистон
Свечка, архивное фото

Марги мармузи пиразани 76 -сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард

302
(Таҷдидшуда 13:26 20.01.2021)
Пиразан танҳо зиндагӣ карда, чанд вақти охир бемор будааст. Аз марги пиразан ҳамсояҳо ба КҲФ хабар доданд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади пиразани рус дар манзили зисташ, хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дар бораи нопадид шудани пиразан, бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ расидааст.

Дар ин бора навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки чанд рӯз пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон надидаанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекардааст.

Ҳамин тавр, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз кардаанд.

"Маълум гардид, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст. Ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки пиразан муддатҳост бемор буду танҳо", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷасади ӯро ба мақомоти дахлдор супурданд.

302
Барчаспҳо:
КҲФ ҶТ, Душанбе, марг, пиразан
Фонтан из денег лишил Жахонгира Атаджанова лицензии

Овозхони ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов тасмим гириф, ки президенти кишвар шавад

0
Овозхони маъруфи ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов гуфт, ки дигар суруд нахоҳад хонд, аммо тасмим гирифт, ки барои номзад шудан ба мақоми президентии соли 2021 тамоми имконоти худро ба кор барад

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Овозхони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар сафҳаи Инстаграми худ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва мубориза барои мансаби сарвари давлат ба мухлисон эълони ғайриинтизор кард.

Дар паёми нави видеоӣ ба Отаҷонов ба ҳаводоронаш гуфт, ки ният дорад дар интихоботи навбатӣ ба курсии президенти Узбакистон номзад шавад.

Аллакай маълум аст, ки омодагӣ ба як рӯйдоди муҳими сиёсӣ моҳи марти соли 2021 оғоз хоҳад ёфт.

Илова бар ин, сарояндаи собиқ нақл кард, ки чаро тасмим гирифтааст ҳаёташро дигар кунад ва ба сиёсат равад.

Дар тасмими худ Отаҷонов аз он далолат мекунад, ки мехоҳад ватани худро рушд диҳад ва ин изҳорот набояд ҳамчун киноя аз бесамарии президенти кунунӣ дониста шавад.

"Ман мардумро шукуфон хоҳам кард. Албатта, бо ин изҳорот ба "сарвари кунунӣ" ҳеҷ гуна "даъво" намекунам ва ҳақ надорам. Онҳо низ бо тамоми қувваашон талош мекунанд. Барори кор",- гуфт ва овозхон ва таъкид кард, ки ин видео шӯхӣ набуда, як изҳороти ҷиддист.

Дар ҳамин ҳол, Отаҷонов афзуд, ки ҳоло дар хориҷа дар рухсатии оилавӣ қарор дорад ва баробари бозгашт ба Тошканд, ба таблиғи номзадӣ шурӯъ мекунад.

Ӯзбекистониҳоро овозаҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум ба таҳлука андохт

Дар ин миён овозхони собиқ ба мардуми Ӯзбекистон барори кор ва дар интихоботи соли 2021 - "ҷонибдорони оқилу тавонмандро" орзу кард.

0
Барчаспҳо:
ҳизб, интихобот, президент, овозхон, Ӯзбекистон