Реконструкция Садового кольца Москвы

Вазорати меҳнат гуфт, дар шаш моҳ чӣ қадар муҳоҷир ба Русия рафт

287
(Таҷдидшуда 17:54 28.07.2020)
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон омори муҳоҷирати меҳнатиро дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷамъбаст кард

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Пандемия ва баста шудани сарҳадот ба муҳоҷирати меҳнатии ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонидааст, гуфт Гулру Ҷабборзода, сардори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш.

Ба иттилои манбаъ, тӯли шаш моҳ 129 ҳазору 807 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд.

Ҷабборзода гуфт, ин рақам нисбат ба соли гузашта 57% камтар аст.

Ӯ гуфт, агар маълумотҳои омориро муқоиса намоем, пас дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор нафар камтар муҳоҷирон камтар барои дарёфти кор ватанро тарк кардаанд.

Номбурда гуфт, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои кор ба Русия рафтанд, ки теъдоди он ба  117 ҳазор мерасад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дақиқ гуфт, интиқоли пул чӣ қадар кам шудааст

Ин ниҳод ҳамзамон дар бораи бозгашти тоҷикон ба ватан гузориш дода гуфтааст, дар ин муддат ҳамагӣ 90,333 нафар аз хориҷи кишвар омадаанд, ки нисбат ба соли гузашта 52% камтар аст.

287
Машина полиции

Майдаавбошии Одинаевҳо: барои дашному латукӯби ҳамсоя ҳабсу ҷарима шуданд - навор

503
(Таҷдидшуда 18:57 19.09.2020)
Саҳнаи дашномкунӣ ва латукӯби як ҷавон аз ҷониби ду бародар дар шаҳри Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳси гармеро ба миён овард

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе ду ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар якҷоягӣ ҷавони дигарро ҳақорат ва шадидан кӯфтанд.

Бар хабари котиботи раёсати мазкур, ин ҳодиса нисфирӯзи 16 - уми сентябр дар кӯчаи Соҳилӣ рух дод.

Бародарон Одинаев Фирӯз ва Одинаев Фаррух, ки сокинони кӯчаи Соҳилӣ мебошанд, ҳамсояи 30  солаашонро нахуст дашном дода, сипас ду каса ӯро шадидан кӯфтанд.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

Аз рӯи наворе, ки ба дасти кормандони РВУД дар пойтахт расид, ҳар ду бародар боздошт ва ба идораи пулис оварда шуданд.

Манбаъ меафзояд, Одинаевҳо барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамиятӣ яке ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона шуда, дар нисбати дигарӣ, ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

503
Барчаспҳо:
ҷарима, ҳабс, ҳамсоя, латукӯб, Душанбе
Ювелирные изделия, архивное фото

Боздошти зани 41-сола бо иттиҳоми дуздии ҷавоҳироти зани дигар

118
(Таҷдидшуда 15:51 19.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 41-сола хабар дод, ки дар дуздии ҷавоҳироти зани дигар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Сино, зани 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 5-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ зарари расонидашударо 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Турдибобои шаҳри Ҳисор, ки пеш барои дуздию қаллобӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар дуздӣ боздошт гардид.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

“Номбурда, санаи 21-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм 1 адад скутери тамғаи “Daylingo”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД Тоҷикистон таъкид кард, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

118
Барчаспҳо:
боздошт, дуздии ҷавоҳирот, Тоҷикистон

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0