Ғарқшавии сокини Шаҳринав дар дарёи Кофарниҳон: барои табобат рафта буд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии сокини 30-солаи ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад. Ӯ барои табобат ба деҳаи Конинамак, ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор рафта буд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса дирӯз, 23 июли соли 2020 рух додааст.

Бино ба маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор рӯзи 23 июли соли 2020 соати 14:54 дақиқа номбурда бо ҳамроҳии се нафар рафиқонаш барои табобат ба деҳаи Конинамак, ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор рафтаанд.

"Баъдан ба соҳили дарёи Кофарниҳон рафта, хостаанд оббозӣ кунанд. Аммо бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар қисмати поёнии деҳаи Шарофободи ҷамоати деҳоти Ориён, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Номбурда 30 сол доштааст ва маълумоти бештаре дар борааш дастрас нест.

Дарёфти ҷасади шаҳрванди Туркманистон аз канали Ҳисор

Манбаъ афзуда, ки рӯзи 23 июл бештар аз 50 нафар дар соҳилҳо ва чандин тани дигар савори 6 заврақ ҷасади ӯро ҷӯстанд, вале кофтуков натиҷа надод.

Лентаи хабарҳо
0