Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

© Дафтари матбуотии ВУДҲалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ноболиғи 13 - сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи мошингарди кӯча зери чархи мошин монда, ҷон дод

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ дар шимоли мамлакат хабар дод.

Марги фоҷиабори мудир ва омӯзгори мактаби ятимони Ёвон ва шарҳи ВУД - акс

Ба иттилои манбаъ, санаи 24-уми июли соли 2020, тахминан соатҳи 12:00 ронандаи автомашинаим тамғаи "Ренуалт", Тошев Ҷамшеди 30 - сола,  ноболиғи 13 - соларо бо худраваш пахш намуд.

"Номбурда сокини ноҳияи Мастчоҳ буда, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Э.Муҳиддинови ҷамоати деҳоти Исмоил бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғ, Норалиев Парвиз Мирзоалиевич, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст", - омадааст дар хабар.

Дар натиҷа ноболиғи 13 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0