Дети собирают воду из открытого канала в городе Дости, на юге Таджикистана

Ҷамшед Табарзода гуфт, чанд фоизи аҳолии Тоҷикистон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд

162
(Таҷдидшуда 13:27 27.07.2020)
Тақрибан 24% аҳолии деҳоти Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, гуфт Ҷамшед Табарзода, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш изҳор дошта, гуфт, норасоии об дар марказҳои шаҳру навоҳӣ дида намешавад, он бештар дар деҳаҳо ба назар мерасад.

"Масалан, сокинони ҷамоати Обурдони ноҳияи Мастчо, С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, Зарбдори шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Хуросон, баъзе деҳаҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, норасоии оби нӯшокиро аз сар мегузаронанд", гуфт роҳбари Хадамоти манзилию коммуналӣ.

Номбурда гуфт, айни замон лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба обтаъминкунӣ,  аз қабили Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии " Шимол-1 "ва" Шимол-2 " ва  Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои Хатлон, марҳилаи 2  татбиқ шуда истодаанд.

"Дар сурати татбиқи пурраи ин лоиҳаҳо, дастрасии мунтазам ба оби нӯшокӣ аз 18000 то 20000 нафар аҳолии деҳоти кишвар таъмин карда мешавад",- гуфт Табарзода.

Ба гуфтаи вай, қарзи аҳолӣ, корхонаю ташкилотҳои кишвар барои истифодаи об дар назди Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" 77 миллион сомониро ташкил медиҳад.

162
Место крушения самолета АН-28

Суқути ҳавопаймои низомӣ дар Харков ва ҳалокати 22 тан - навор аз ҷои ҳодиса

486
(Таҷдидшуда 15:38 26.09.2020)
Ду нафар дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш зинда монданд. Аҳволи яке вахим арзёбӣ мешавад. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳастанд

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар вилояти Харкови Украина ҳавопаймоии низомии Ан-26 бо 28 нафар мусофир суқут кард, хабар медиҳад РИА Новости.

​Муовини вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко дар саҳифааш дар Facebook ҳалокати 22 танро тасдиқ кард.

"Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд. Ду нафар аз наҷотёфтаҳоро бо аҳволи вазнин ба бемористон (яке дар ҳолати бад қарор дорад) интиқол доданд. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳастанд", — навиштааст ӯ.

Тақдири чаҳор тани дигар то ҳол номаълум аст.

486
Барчаспҳо:
ҳалокат, Харков, ҳавопаймо, суқут
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

6092
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

6092
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор

Конор Макгрегор мехоҳад бо Мэнни Пакяо ба ринг барояд

0
(Таҷдидшуда 17:08 26.09.2020)
Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар муштзании касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди октагон шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC Конор Макгрегор изҳор дошт, ки бо қаҳрамони ҷаҳон оид ба муштзанӣ дар риштаи WBA Мэнни Пакяо ба ринг мебарояд.

Варзишкори ирландӣ рӯзи рақобатро нагуфт.

"Ман бо Мэнни Пакяо дар Ховари Миёна муштзанӣ мекунам. Барои ман вохӯрӣ бо беҳтарин муштзанҳои замони муосир шарафи бузург аст", - навиштааст Макгрегор.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Соли 2017 Макгрегор бар зидди собиц цащрамони ыащони оид ба бокс дар паны вазн Флойд Мейвезер ба ринг баромада буд. Он замон варзишкори ирландӣ дар бахши 10-ум бо усули нокаути техникӣ мағлуб шуда буд. Баъдтар Майвезер а Конор пешниҳоди реванш карда буд.

"Ин бозӣ бароям камаҳамият шуд": Макгрегор сабаби қатъи фаъолияти варзишияшро шарҳ дод

Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар муштзании касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди октагон шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст.

0
Барчаспҳо:
Макгрегор, ринг, муштзанӣ, Ховари Миёна