Сейсмография, архивное фото

Тоҷикистонро заминларзаи 5 - баллӣ такон дод

678
(Таҷдидшуда 14:35 05.08.2020)
Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл буд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Имрӯз соати 13:18 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон зилзила ба амал омад.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар 245 км шимолу шарқи Душанбе, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  — 12 км шарқи Исфара воқеъ будааст.

Сокинони Тоҷикистон: замин сахт ҷунбид, ҳамсояҳо аз тарс ба берун баромаданд

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил дод.

Тоҷикистонро заминларзаи 4 - балла такон дод

Манбаъ афзуда, ки дар бораи хисороти зилзила иттилоъ дода нашудааст.

678
Барчаспҳо:
зилзила, Тоҷикистон, заминҷунбӣ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Нигаронии Раҳмон аз иҷро нашудани барномаҳо, буҷа ва андоз дар Шаҳритус

408
(Таҷдидшуда 11:12 22.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳритус аз иҷро нагаштани баъзе аз барномаҳо ва корҳо дар ноҳия изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф гуфтааст “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2016-2020” ҳамагӣ 56 фоиз иҷро шуд.

Ба гуфти президент, аз 104 лоиҳаи пешбинишуда ҳамагӣ 60 лоиҳа ба маблағи 33 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар 28 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. Яъне 16 лоиҳаи барнома иҷро намегардад, ки хеле ташвишовар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин, ба ҳукумати вилояти Хатлон ва  Шаҳритус дастур додааст, ки ҷиҳати самараноку босифат татбиқ гардидани барномаи қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ беҳтар ба роҳ монанд.

Зеро ба гуфти раисиҷумҳур, иҷрои босифати барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Ба иттилои манбаъ,  дар бист соли охир дар ноҳияи Шаҳритус беш аз 30 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки президент ин рақамро қонеъкунанда арзёби накарда гуфт, ноҳия хеле сераҳолӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра истеҳсоли сабзавот, меваю ангур, гӯшту шир, тухму пашм, асал ва гӯшти моҳӣ зиёд гардида, вале истеҳсоли картошка, полезӣ ва пилла коҳиш ёфтааст.

"Соли ҷорӣ дар ноҳия ҳамагӣ дар майдони 388 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133 гектар ё 25,5 фоиз кам мебошад. Аз ҳамин сабаб ҷамъоварии картошка низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор тонна ё 32,4 фоиз кам гардидааст",- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамзамон аз иҷроиши нақшаи буҷа ва андозҳо низ нигаронӣ карда гуфт, дар ҳафт моҳи соли 2020 ба буҷети маҳаллӣ беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 94,5 фоизи нақшаро ташкил дода, дар ин давра нақшаи андозҳо аз даромад, боҷи давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва низоми махсуси андозбандӣ таъмин нагардидаанд.

“Ҳамзамон бо ин, дар ҳафт моҳи соли равон бақияи қарзи андозҳо 8,4 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад”,-гуфтааст президент.

Президент барои рафъи камбудиҳо ба масъулини ноҳия дастур додааст, ки якҷо бо Кумитаи андоз корро дар самти фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои пурра иҷро намудани нақшаи андозу пардохтҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд.

 

408
Барчаспҳо:
мулоқот, н. Шаҳритус, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Мотам дар оилаи Тураевҳо: даргузашти тоҷири маъруф, ки “илтиҳоби шуш” дошт

7433
Султон Тӯраев, яке аз тоҷирони маъруфи Истаравшан ва бародари Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо, сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистон дар синни 69 – солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Султон Тӯраев тайи даҳ рӯзи ахир дар Шифохонаи шаҳрии Истаравшан бо ташхиси “илтиҳоби шуш” табобат мешуд.

“Баъди зуҳри имрӯз духтурон хабар доданд, ки вазъашон ба вахомат гароидааст. Соате нагузашта, хабар доданд, ки ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ӯ.

Султон Тӯраев дуввумин намояндаи хонаводаи маъруфи Тӯраевҳо дар Истаравшан аст, ки дар замони пандемияи “вируси корона” оламро тарк мекунад.

30 майи соли равон бародари ӯ Сайфиддин Тӯраев дар синни 75 – солагӣ аз маризии дил вафот карда буд. Бародари бузурги онҳо - Қурбон Тӯраев низ дар ин миён як бор ба маризӣ печида, пас аз муддате шифо ёфт.

Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистонанд, ки дар солҳои 90 – ум барои истиқрори сулҳ ва як ҳукумати мутамарказ дар Тоҷикистон нақши боризе доштанд.

Сайфиддин Тӯраев дар гузашта вазири хидмати маишӣ (1986-89), муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ буд ва дар интихоботи президентии ноябри соли 1999 номзад ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Қурбон Тӯраев дар замони Шӯравӣ раиси Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ, Мастчоҳ, шаҳри Ӯротеппа, пас аз истиқлолият вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.

Ҳарду солҳои 1990 узви Шӯрои олӣ буданд ва дар иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ширкат намуда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Шӯрои олӣ пуштибонӣ намудаанд.

Дар қиёс бо бародарони худ Султон Тӯраев як умр бо тиҷорат – пешаи хонаводагии Тӯраевҳо машғул буд. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар заминаи Идораи тиҷорати давлатии ҳукумати шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) Ҷамъияти саҳҳомии “Хуросон” – ро таъсис дода, то дами марг мудири кулли он ба шумул мерафт.

Аз сӯи дигар, ба қавли наздикон, Султон Тӯраев ҳарчанд бо сиёсат сарукор надошт, аммо ба шеъру шоирӣ алоқаи зиёд дошт.

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

“Чанд намунаи ашъори он кас низ нашр шудаанд, ки то ҷое дилу нарму дунёи шоиронаи он касро ошкор мекунад”, - гуфтанд онҳо.

Ҷанозаи марҳум асри имрӯз, 21 сентябр, дар қабристони Калламанораи шаҳри Истаравшан ба хок супурда шуд.

7433
Тепловоз, архивное фото

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

0
(Таҷдидшуда 18:43 22.09.2020)
Намояндагони Туркманистон ва Афғонистон ҳамкориҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки кишварҳои Осиёи Марказиро метавонад бо ҳам пайвандад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Намояндагони ожонсии “Роҳи оҳани Туркманистон” ва Идораи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон доир ба сохтмони роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи ТАТ-ро гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи интернетии “Turkmenistan.ru”.

Аз ҷумла тарафҳо сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина –Андхой ва Тургунди-Ҳиротро баррасӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир, 1,5 километр роҳи оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин аз 33 иншооти обгузар, сохтмони 16 иншоот ба анҷом расидааст.

Баъд аз анҷоми хобондани роҳи оҳан дар қитъаи Акина – Андхой, қарор аст сохтмони ин роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон идома ёфбад.

Ҳангоими гуфтушунид, таъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад ба Афғонистон ба муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам бештар ҷалб шавад.

Гуфта шудааст, ки ин раванд метавонад ба пойдори сулҳ дар ин кишвар мусоидат кунад.

0
Барчаспҳо:
баррасӣ, сохтмон, роҳи оҳан, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон