Ронандае, ки дар Ашт дучархарони 60 - соларо пахш карда фирор намуд, боздошт шуд

© PixabayСломанный велосипед, архивное фото
Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 60 - солаи ноҳияи Ашт, ки савори дучарха буд, зери чархи автомашинаи номаълум монда, ҷон бохтааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Кормандони пулис ахиран ронандае, ки дучархаронро дар ноҳияи Ашт пахш карда фирор намуд, боздошт карданд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 12 - уми август тахминан соати 05:25 дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи номаълум дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон, Нурматов Ҷамолиддини 60 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст". - таъкид мешавад дар хабар.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Манбаъ меафзояд, Нурматов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Зимнан, кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" Тураев Дилшодҷони 20 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ҳамин ноҳия содир намудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0