Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

© МЧС ТаджикистанаЖенщина с тремья детьми бросилась в воду
Женщина с тремья детьми бросилась в воду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо ҷасади духтарчаи сесолааш ёфт шудааст. То ҳол ҷустуҷӯи ҷасади модар ва ду фарзандаш идома дорад

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки сокини 30-солаи ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб андохт.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ин фоҷиа соати 12:20 дақиқаи рӯзи 16-уми августи соли равон рух додааст.

Наҷотдиҳандагону ғаввосони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт фавран дар ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон шудаанд.   

"Дар ҷараёни ин кофтуковҳо имдодгарон шаш километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар қаламрави деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ҷасади духтарчаи 3-соларо пайдо карданд. Ҷустуҷӯи модар ва ду фарзандаш: писари 9-сола ва духтари 6-сола идома дорад", - омадааст дар хабарнома.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. 

Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 14 августи соли равон низ фоҷиа рух дода буд.

Он рӯз 4 нафар узви як хонавода, сокинони деҳаи Махшевад, мавзеъи Куруни Сиёҳи ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шуданд.

Ғарқшавии сокини Шаҳринав дар дарёи Кофарниҳон: барои табобат рафта буд

Ба гуфтаи манбаъ заврақ аз беэҳтиётӣ чаппа шудааст. Падар 61-сола ва боқӣ аъзои оила аз 33 то ду сол доштанд. Хурдсолтарини онҳо тифли дусола, набераи хонадон буд ва модари ӯ 30 сол доштааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон то ҳол идома дорад. Имдодгарон мегӯянд маҷро тез аст, соҳил саропо харсангу сахраҳои азим дорад ва имкони бо заврақ роҳадозии корҳои наҷот амалан вуҷуд надорад.

Лентаи хабарҳо
0