Ронандаи фирорӣ Менглиев Журабек

Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд

3269
(Таҷдидшуда 20:03 17.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ронандаи 32-сола, ки чаҳор пиёдагардро пахш намуда, сипас аз ҷои ҳодиса ёрӣ нарасонда фирор кардааст, боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи мудҳиш санаи 6-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон сурат гирифтааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки Менглиев Журабек, соли таваллудаш 1988, ҳангоми харакат дар ҳудуди роҳи автомобилгарди маҳаллаи аҳолинишини деҳаи Чинор, ҷамоати деҳоти Холматов, дар ҳолати мастӣ бо  автомашинаи “Опел-Астра”, суръати ҳаракати воситаи нақлиётро аз меъёри муқарраргардида зиёд намуда, бо қисми пеши автомобил сараввал ба як сар чорвои калони шохдор бармехӯрад, ва пас аз бархӯрд ба қисмати канори рости роҳ баромада, чор нафар аз пиёдагардон, сокинони деҳаи Чинорро бо қисми пеши автомобилаш зада пахш менамояд.

Гуфта шудааст, ки ин нафарон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, ронанда Менглиев Журабек баъди рух додани садамаи нақлётии марговар нақлиёташро партофта ва ба ҷароҳатгирифтагон ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

ВУД Қайд кардааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур барои муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони ШВКД корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритуз як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.

“Дар натиҷа гумонбаршуда боздошт ва нисбаташ дар Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212 қисми 5 ва 127 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуд”, - зикр намудаст ВУД.

Инчунин манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.

3269
Барчаспҳо:
боздошт, пиёдагард, ёрӣ, фирор, ҳодиса, ронанда, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Тоҷикистон
Место крушения самолета АН-28

Суқути ҳавопаймои низомӣ дар Харков ва ҳалокати 22 тан - навор аз ҷои ҳодиса

461
(Таҷдидшуда 15:38 26.09.2020)
Ду нафар дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш зинда монданд. Аҳволи яке вахим арзёбӣ мешавад. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳастанд

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар вилояти Харкови Украина ҳавопаймоии низомии Ан-26 бо 28 нафар мусофир суқут кард, хабар медиҳад РИА Новости.

​Муовини вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко дар саҳифааш дар Facebook ҳалокати 22 танро тасдиқ кард.

"Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд. Ду нафар аз наҷотёфтаҳоро бо аҳволи вазнин ба бемористон (яке дар ҳолати бад қарор дорад) интиқол доданд. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳастанд", — навиштааст ӯ.

Тақдири чаҳор тани дигар то ҳол номаълум аст.

461
Барчаспҳо:
ҳалокат, Харков, ҳавопаймо, суқут
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

5952
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

5952
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Приветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото

Супориши Маликшо Неъматзода: барои пешгирӣ аз Covid-19 тадбирҳои иловагӣ андешед

0
(Таҷдидшуда 15:40 26.09.2020)
Раиси шаҳри Норак ба масъулини дахлдор супориш додааст, ки барои пешгирӣ аз Covid-19 тадбирҳои иловагӣ андешанд ва ба маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва интихоботи президнтӣ ҷидди омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак, ахиран дар толори хурди мақомотии шаҳри Норак машварати кории раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо иштироки шахсони масъул баргузор гардид.

Гуфта шудааст, ки дар рафти кори машварат чаҳор масоили муҳим баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои манбаъ раиси шаҳр ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории Covid-19 супоришҳои қатъӣ додааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки раиси шаҳри Норак бо масъулин масоили  натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҳисоботи гурӯҳи корӣ оид ба ташкилу баргузор намудани маъракаи ҷумҳуриявии барӯйхатгирии аҳолӣ ва масъалаи омодагии ҳавза ва участкаҳои интихобот оид ба баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Тоҷикистон баррасӣ кард.

 Зикр гардидааст, ки дар асоси гузоришҳо мавзуъҳои баррасишаванда натиҷагирӣ гардида, диққати масъулин ба иҷрои саривақтии камбудиҳои ҷойдошта равона гардид.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, Интихоботи президентӣ, пешгирӣ, супориш, Норак, Тоҷикистон