Руки в наручниках

Боздошти пизишк дар Истаравшан: барои билети ҳарбӣ 8 ҳазор талаб кард

566
Ожонси зидди фасод аз боздошти як пизишк дар шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки дар порагирӣ муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Духтури Муассисаи кӯмаки аввалини тиббӣ - санитарии шаҳри Истаравшан  дар фурӯши билети ҳарбии корношоямӣ муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои Ожонси зидди фасод, Анвар Тўйчиевич духтури Муассисаи кӯмаки аввалини тиббӣ-санитарии шаҳри Истаравшан моҳи апрели соли ҷорӣ аз шаҳрванд Аҳроров О. М. барои омода карда додани билетӣ ҳарбии корношоямӣ, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 сомонӣ талаб кардааст.

Шурои уламо: харидани билети ҳарбӣ ҳаром аст

Зимнан, номбурда 3500 сомониро пешакӣ гирифта, ба манифати охирин ягон амалро иҷро накард.

Манбаъ меафзояд, нисбати Аҳроров А.Т. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в,г" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

566
Барчаспҳо:
билети ҳарбӣ, фурӯш, боздошт, пизишк, Истаравшан
Место крушения самолета АН-28

Суқути ҳавопаймои низомӣ дар Харков ва ҳалокати 22 тан - навор аз ҷои ҳодиса

531
(Таҷдидшуда 15:38 26.09.2020)
Ду нафар дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш зинда монданд. Аҳволи яке вахим арзёбӣ мешавад. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳастанд

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар вилояти Харкови Украина ҳавопаймоии низомии Ан-26 бо 28 нафар мусофир суқут кард, хабар медиҳад РИА Новости.

​Муовини вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко дар саҳифааш дар Facebook ҳалокати 22 танро тасдиқ кард.

"Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд. Ду нафар аз наҷотёфтаҳоро бо аҳволи вазнин ба бемористон (яке дар ҳолати бад қарор дорад) интиқол доданд. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳастанд", — навиштааст ӯ.

Тақдири чаҳор тани дигар то ҳол номаълум аст.

531
Барчаспҳо:
ҳалокат, Харков, ҳавопаймо, суқут
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

6922
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

6922
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Кошелек с деньгами, архивное фото

Дар Тоҷикистон қарзи маош ба 65 миллион сомонӣ расид

0
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, танҳо аз аввали соли равон қарзи музди меҳнат беш аз 29,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки баробар ба 45,6 фоизи ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон қарзи умумии музди меҳнат беш аз 65,1 миллион сомонӣ (беш аз 6,3 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад.

Ба ин маблағ қарзҳои солҳои гузашта низ дохил мешаванд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз аввали соли равон то моҳи август танҳо қарзи музди меҳнат беш аз 29,7 миллион сомонӣ ё 45,6% ҳаҷми умумии қарзро ташкил додааст.

Қисми зиёди қарзҳо дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ боқӣ мемонанд. Афзоиши қарзи музди меҳнат дар соҳаи сохтмон (27,1%), истеҳсолот (22,2%) ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.

Музди камтарини меҳнат дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ миёни кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва хоҷагии ҷангал буд, ки дар ин соҳаҳо 531 сомониро ташкил дод.

Музди баландтарин дар саноати маъданҳои кӯҳӣ - 2,2 ҳазор сомонӣ, дар сохтмон - 2,3 ҳазор сомонӣ, дар бахши энергетика - 2,1 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ умуман музди миёнаи моҳона дар моҳи июл 1,5 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Миёни бахшҳои соҳаи ғайриистеҳсолӣ музди баландтаринро кормандони соҳаи молия ва бонкӣ мегирифтаанд, ки ба ҳисоби миёна ба 3,7 ҳазор сомонӣ баробар будааст.

Умуман, музди миёнаи моҳона дар бахшҳои соҳаи ғайриистеҳсолӣ дар моҳи июл 1,1 ҳазор сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 17,7% коҳиш ёфтааст.

0
Барчаспҳо:
қарз, маош, Тоҷикистон