Сотрудник правоохранительных органов производит арест

Боздошти ду полковники мансабдори КДАМ аз сӯи Агентии зидди коррупсия

3111
(Таҷдидшуда 09:14 20.08.2020)
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду афсари мансабдори баландпояи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ боздошти афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Азизов Ҷиёнхон Зайдуллоевич ва муовини командири қисми ҳарбии ин ниҳод дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон полковник Усмонзода Мирзодавлат Абдуғафор дар пайи баррасии шикояти шаҳрванд Умарова А.И сурат гирифтааст.

Бар асоис муроҷиати шаҳрван Умарова А.И полковник Усмонзода Мирзодавлат барои бо сабаби беморӣ аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш Маазамов Т. маблағи калони пулӣ ба сифати пора талаб намуда, дар ду маврид маблағи 15000 сомонӣ ва полковник Азизов Ҷиёнхон дар се маврид маблағи 17000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифта, боз овардани маблағи 8000 сомониро талаб намуда истодаанд, гуфтааст Агентӣ

“Худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Азизов Ҷ.З. баъди аз шаҳрванд Умарова А.И. гирифтани маблағи 8000 сомонӣ ба сифати пора дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ собит намуд, афсарони КДАМ дар асоси маслиҳати пешакӣ, ҳамчун шахсони мансабдор барои иҷрои амали муайян, ки ба доираи ваколатҳои онҳо дохил мешавад, яъне дар асоси талаботи қонунгузорӣ аз хизмати ҳарбӣ озод намудани сарбози бемор Маазамов Т. ба сифати пора дар маҷмӯъ маблағи 40 000 сомонӣ талаб карда гирифтаанд.

Боздошти пизишк дар Истаравшан: барои билети ҳарбӣ 8 ҳазор талаб кард

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд,  вобаста ба ин ҳолат 30 июли соли 2020 нисбати Азизов Ҷ.З. ва Усмонзода М.А. бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

3111
Место крушения самолета АН-28

Суқути ҳавопаймои низомӣ дар Харков ва ҳалокати 22 тан - навор аз ҷои ҳодиса

484
(Таҷдидшуда 15:38 26.09.2020)
Ду нафар дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш зинда монданд. Аҳволи яке вахим арзёбӣ мешавад. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳастанд

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар вилояти Харкови Украина ҳавопаймоии низомии Ан-26 бо 28 нафар мусофир суқут кард, хабар медиҳад РИА Новости.

​Муовини вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко дар саҳифааш дар Facebook ҳалокати 22 танро тасдиқ кард.

"Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд. Ду нафар аз наҷотёфтаҳоро бо аҳволи вазнин ба бемористон (яке дар ҳолати бад қарор дорад) интиқол доданд. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳастанд", — навиштааст ӯ.

Тақдири чаҳор тани дигар то ҳол номаълум аст.

484
Барчаспҳо:
ҳалокат, Харков, ҳавопаймо, суқут
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

6063
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

6063
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Покупатель в аптеке

"Авифавир" доруе, ки дар 7 рӯз вируси COVID- ро мекушад, ба дорухонаҳои Ӯзбекистон роҳ ёфт

0
(Таҷдидшуда 15:56 26.09.2020)
Ӯзбекистон аз нахустин кишварҳоест, ки Авифавир дору алайҳи маризии коронавирусро аз Русия дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар дорухонаҳои кишвари Ӯзбекистон доруи "Авифавир" роҳ ёфт ва он тибқи дорухати табибон ба эҳтиёҷмандон фурӯхта мешавад.

Ӯзбекистон акнун аз нахустин кишварҳоест, ки ба ин дору дастрасӣ пайдо кард.

"Авифавир" дар Русия истеҳсол шуда, онро мутахассисони рус дар мубориза алайҳи маризии коронавирус муассир медонанд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шуд.

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Гуфта мешавад, "Авифавир" нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан, имкон надорад.

" "Авифавир" на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад",- гуфта буд директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Бояд гуфт, ки доруи мазкур дар бозори Русия моҳи июн пайдо шуд. Ба гуфтаи табибон, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тӯл мекашад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, дору, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон