Трава гармалы, архивное фото

Мактабҳои Туркманистонро аз 1 сентябр бо ҳазориспанд дуд мекунанд

175
(Таҷдидшуда 10:05 20.08.2020)
Дар мактабҳои Туркманистон, аз 1 сентябр тамоми биноҳо пеш аз дарс ва пас аз он, инчунин ҳангоми танаффуси калон бо бо ҳазориспанд дуд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи туркмании Arzuw NEWS бо истинод ба вазири маорифи Туркманистон, қоидаҳои нав оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мактабҳои Туркманистон аз 1 сентябр ҷорӣ карда мешаванд.

"Тибқи ин санад, соли хониш дар кишвар маъмулан, 1 сентябр оғоз меёбад, аммо бо назардошти вазъи мавҷуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, қоидаҳои нав ҷорӣ карда мешаванд", - омадааст дар хабар.

Ҳамин тариқ, муассисаҳои таълимӣ бояд дар як ҳафта як маротиба корҳои санитарӣ-гигиенӣ ва дезинфексия гузаронанд. Дар даромадгоҳ ба мактабҳо муаллимони навбатдор муҳассилин ва кормандонро пешвоз гирифта, таби онҳоро месанҷанд ва назорат мекунанд, хонандагон бо маводҳои безараргардонӣ дастҳояшонро тоза ва ба бинниҳояшонро малҳами оксолинӣ кунанд.

Вирус несту маҳдудият ҳаст: чаро дар Туркманистон бозорҳову бархе идораҳоро бастанд?

"Параграфи алоҳида дар дастурҳо безараргардонии биноҳоро пеш аз дарс ва баъд аз он, инчунин ҳангоми танаффуси калон бо дуди ҳазориспанд пешбинӣ кардааст. Пас аз ҳар баст, инчунин бояд корҳои безараргардонӣ муқаррар карда шавад", гуфта мешавад дар хабар.

Инчунин қайд шудааст, ки мувофиқи дастурҳо дар ҳар як синф шумораи хонандагон набояд аз 10-15 нафар зиёд бошад, бинобар ин ба нақша гирифтани синфҳо бо шумораи зиёди хонандагон пешбинӣ шудааст.

Давомнокии дарсҳо инчунин бо назардошти синну соли донишҷӯён ислоҳ карда шуд. Ҳамин тавр, барои хонандагони синфи якум ҳар дарс 25 дақиқа, дар синфҳои 2-4 - 30 дақиқа ва дар синфҳои 5-11 - 35 дақиқа идома меёбад. Танаффусҳо пас аз ҳар дарс 10 дақиқа ва танаффуси калон 20 дақиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, моҳи марти соли ҷорӣ, дар як нишасти видеоӣ, президент Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки худро аз вирус бо роҳи қадимаи табиии халқӣ - дуди ҳазориспанд муҳофизат кунанд.

ТУТ ҳолатҳои "пневмония" -ро дар Туркманистон мустақилона тафтиш мекунад

Мақомоти Туркманистон мегӯяд ягон мавриди сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, дар кишвар низоми шадид риояи ниқоб ва як қатор маҳдудиятҳо дар фаъолияти корхонаҳои хизматрасонӣ, савдо ва нақлиёт ҷорӣ карда шуд.

175
Барчаспҳо:
муаллим, хонандагон, мактаб, Туркманистон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

844
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

844
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

214
(Таҷдидшуда 18:55 28.09.2020)
Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

214
Барчаспҳо:
мина, таркиш, Афғонистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1896
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1896